Сокинони маҳаллаи 33-юми пойтахт ба “Азия-Плюс” муроҷиат карданд, ки ба суоли зерин посух дарёбем: Пули истифодаи оби манзилҳои истиқоматӣ бояд дар куҷо пардохта шавад  дар нуқтаҳои хизматрасонии “Амонатбонк” ва ё КВД “Обу корези Душанбе”? Нозирони минтақавии об ба онҳо гуфтаанд, ки зимни пардохти маблағ дар хазинаҳои “Амонатбонк” гӯё пул дар низоми электронии корхонаи “Обу корези Душанбе” инъикос намешудааст.

“Ба қавли нозирон, пулҳои барои об дар хазинаҳои “Амонатбонк” пардохтаи аҳолӣ дар низоми электронии онҳо дарҷ наёфта, аз қарзи сокинон кам намешудааст, - хабар доданд ба мо. - Акнун пулҳои дар “Амонатбонк” пардохтаи мо, ки барои он расид (квитансия) ҳам дорем, дар низоми КВД “Обу корези Душҳанбе” дарҷ намеёбаду мо қарздор мемонем?”

Корманди КВД “Обу корези Душанбе” Меҳриддин Қодиров ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надошта, сокинони пойтахт бо интихоби худашон пулро барои истифодаи об метавонанд ба хазинаи “Амонатбонк” ё тавассути нозири корхона бипардозанд.

“Пули ба “Амонатбонк” ё тариқи нозир пардохтшуда дарҳол дар компютер сабт ва инъикос мешавад, - мегӯяд Қодиров. - Нозирон дар дасташон дастгоҳҳои хазинавӣ доранд ва бояд чек (варақаи пардохт) диҳанд”.

“Нозирон фоиз мегиранд, на маош. Яъне онҳо аз ҳаҷми пули ҷамъовардаашон даромад мегиранд ва шояд маҳз бо ҳамин сабаб чунин гуфта бошанд. Нозирон ҳуқуқ надоранд, ки сокинонро ба ин ё он гуна пардохтани пули об ва дигар хизматрасониҳо маҷбур кунанд. Тарзи пардохт интихоби худи сокинони пойтахт аст”, - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев зимни шарҳи ин масъала зикр кард, ки ҳисобу китоби истифода аз хизматрасонии коммуналӣ ва обу корез бо муштариён тариқи пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ тавассути муассисаҳои бонкӣ сурат мепазирад ва чунин амали нозирони корхона, ки танҳо пули нақд талаб мекунанд, мухолифи меъёрҳои муқарраршуда аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.