Ширкати “Даври Истиқлол”, ки ба фиристодани шаҳрвандон ба кори мавсимӣ ба Британияи Кабир машғул буд, барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома надошт.
Чанде пеш Радиои Озодӣ бо истинод ба ВКД Тоҷикистон дар бораи боздошти роҳбари ширкати “Даври Истиқлол” Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ки бо роҳи фиреб ва ваъдаи бо кор таъмин кардан дар Британияи Кабир аз даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтааст.
Дар ВКД Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз рӯи ин парванда ҳудуди 150 нафар ҷабрдидагон ҳастанд.
Дар идома Радиои Озодӣ гуфтаҳои ҷабрдидагонро меорад, ки чанд моҳ пеш ҳар кадоме ба ширкати “Даври Истиқлол” барои ба кори мавсимӣ фиристодан ба Британияи Кабир 18 ҳазор сомонӣ супоридаанд, вале дар ниҳояти кор, онҳоро ба ин кишвар нафиристодаанд.
Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба ин ширкат додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба фиристодани муҳоҷирон ба кор ба хориҷи кишвар рад шудааст.
“Айни замон Хадамоти муҳоҷират ба сабти хоҳишмандон ҷиҳати сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандон барои кор ба Русия ва Британияи Кабир бар асоси созишнома бо корфармоёни ин кишварҳо идома медиҳад”, - изҳор доштанд дар Хадамоти мазкур.
Хадамоти муҳоҷират аз хоҳишмандон даъват мекунад, ки барои ҷустуҷӯи кор дар хориҷа ба мақоми ваколатдор оид ба ин масъала муроҷиат кунанд, вагарна ба ҳолате дучор мешаванд, ки дар боло зикр кардем, зеро муроҷиат кардан ба ширкате, ки иҷозатнома надорад, ба фоидаи кор нахоҳад буд.
Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки зимни ҷустуҷӯи кор дар хориҷа беҳтараш ба онҳо муроҷиат кунанд. Дар назди Хадамот шӯрои машваратӣ амал мекунад, ки ба шаҳрвандон дар интихоб ва фиристодан ба кор ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Британияи Кабир кумак мекунад.
Сафорати Британияи Кабир низ чандин маротиба огоҳ карда буд, ки ба эълонҳои бардурӯғ (фейк) оид ба ҷалби шаҳрвандон ба корҳои кишоварзӣ дар ин кишвар бовар накунанд.
Сафорат раводид намедиҳад ва ҳамаи хоҳишмандон бояд ба Марказҳо оид ба машварат ва омодакунии муҳоҷирони кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сипас ба Маркази раводиди Британияи Кабир TLScontact, ки дар он ҷо барои раводид боҷи расмӣ пардохт мешавад, муроҷиат намоянд.
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста