Шурӯъ аз 7-уми октябр дар пойтахт хатсайри нави мусофиркашонии №37А «маҳаллаи Қаротегин – маҳаллаи Бунёдкорон» ба фаъолият оғоз мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаю хиёбонҳои С.Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорон ҳаракат мекунанд.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки аз 7-уми октябр дар хатсайри мусофиркашонии №4 (Терминали «Шарқ-Транс»-ҶДММ «Маром») пардохти роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Ин тартиб бо мақсади соддагардонии раванди пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ мешавад.

Дар ин робита шаҳрдории пойтахт аз мусофирон эҳтиромона ҳоҳиш мекунад, ки ҳангоми саворшавӣ ба автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.