Дар робита ба вазъи боғи ҳайвоноти пойтахт фаъолони шаҳр нигаронӣ изҳор мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта мешавад, ки он ҷо нигоҳубини дуруст вуҷуд надошта, ҳайвонот бе обу хӯрок ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ рӯзҳои охири ҳаёти худро паси сар мекунанд.

Чанд рӯз инҷониб дар бахши тоҷикии шабакаи Facebook оид ба вазъи бади Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ мешавад.

Бино ба иттилои гурӯҳи Фонди кумак ба ҳайвоноти бесарпаноҳ, чанд рӯз қабл он ҷо шутурмурғ ва гавазн фавтиданд.

“Ин боғи ҳайвонот нест, балки боғи маргу дард аст. Бошандагони он дар чӣ гуна шароит зиндагӣ доранд? Бидуни ашк наметавон ин ҳолатро мушоҳида кард”, - менависад яке аз корбарон.

Аз маълумоти муаллиф ва аксҳои шутурмурғу гавазни фавтида аксарият худро бетарафу канор гирифта натавонистанд.

Дар навиштаҳои худ фаъолон аз ҳукуматдорони шаҳр талаб кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар ба вазъи боғи ҳайвонот таваҷҷуҳ зоҳир шавад, ё агар барои фароҳам сохтани шароити мусоид имкон набошад, он умуман баста шавад.

Акс аз Facebook

Фаъолон пешниҳод карданд, ки дар бораи баста шудани боғи ҳайвонот изҳорот нашр кардаву ба раиси пойтахт муроҷиатнома навишта шавад.

Охири моҳи марти соли равон бар асоси дастури Рустами Эмомалӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон бо вазъи беҳдоштию муҳитзистӣ ва фаъолияти муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт аз наздик шинос шуд.

Муайян карда шуд, дар самти таъмини шароити нигаҳдории ҳайвонот ва тозагии қафасҳо, инчунин роҳравҳои боғ баъзе аз камбудиҳо ҷой доранд.

Раиси шаҳр дастур дод, ки камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шуда, дар баробари таъмини тозагиву озодагӣ ва беҳсозии шароити беҳдоштию муҳитзистӣ, баҳри ба роҳ мондани хизматрасонии муосир чораандешӣ кунанд.

Аввали соли гузашта мақомоти шаҳрдорӣ изҳор дошта буд, ки ба ҷойи дигар кӯчонидани Боғи ҳайвонотро дар нақша дорад. Қаламрави каме дуртар аз бозори “Корвон” макони нави сохтмони “Боғи ҳайвонот” номбар шуда буд. Аммо бо гузашти беш аз як сол дар ин масъала пешрафт дида намешавад.

Охири тобистони соли 2018 дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба Asia-Plus дар ин робита хабар дода буданд, ки барои бунёди боғи нави ҳайвонот то ҳол сармоягузорон дарёфт нашудаанд.

1/21

Қобили зикр аст, ки муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд шуда, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.