Хатсайри нави автобус аз шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон ба шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Тавре хабаргузори УзА иттилоъ медиҳад, ин хатсайр рӯзи 19-уми октябр ифтитоҳ шуда, масофаи роҳаш 84,5 километр аст. Интиқоли мусофирон бо автобусҳои тамғаи Isuzu, ҳамчунин микроавтобусҳо анҷом дода мешавад. Нархи чипта 23 000 сӯм (2,5 доллар) муқаррар шудааст.

Қаблан байни Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд хатсайри мусофиркашонӣ бо автобусҳо роҳандозӣ шуда буд, аз ҷумла, “Тошканд-Хуҷанд”, “Фарғона-Хуҷанд”, “Тирмиз-Душанбе”, “Деҳнав-Душанбе”, “Самарқанд-Панҷакент” ва ғайра. Вале айни замон на ҳамаи ин хатсайрҳо фаъоланд.

Равуои автобусҳои мусофирбар байни кишварҳо соли 1992 дар робита ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардид. Дар баробари беҳбуди муносибатҳо байни ду кишвар равуои мусофирон низ бештар шуд.

Аввалин автобуси мусофиркашонӣ моҳи майи соли 2018 дар хатсайри Тошканд-Хуҷанд-Тошканд ба интиқоли мусофирон шурӯъ кард.

Қобили зикр аст, ки шумори бештари хориҷиёни ба ҷумҳурӣ тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ воридшуда аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон – 600,1 ҳазор нафар ё худ 63,4% аз ҳаҷми умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ қариб 950 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар ин давра ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.