Сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова дар маъракаи ҷамъоварии пахта иштирок кардааст. Дар ин бора ӯ дар саҳифаҳояш дар Facebook ва Instagram хабар додааст.
Овозхон аксҳоро аз дохили пахтазор нашр карда, чунин навиштааст: “Пахта мечинам”. Дар Facebook қариб ҳамаи ҳаводорони сароянда ӯро дастгирӣ карда, бархе ба ин корӣ ӯ аҳсан хондаву комёбӣ хостаанд.
Лекин чанде ин иқдоми ӯро маъқул нашуморида, чунин маслиҳат додаанд: “Беҳтараш барои пахтачинон тарона сароед. Ин кумаки беҳтарин аз ҷониби шумо буда, онҳоро руҳбаланд месозад”.

Бархе навиштаанд, ки бо ин гуна зебу ороиши нохун (маникюр) пахтачинӣ душвор аст. “Нигинабону, ба назарам, ин гуна зебу ороиш барои ҷамъоварии пахта намеарзад...”.
Корбари дигар ба овозхон тавсия додааст, ки худро эҳтиёт кунад:
“Ба ту бештар зебоиву таронасаройӣ мезебад. Пахатаро бигзор касоне ҷамъоварӣ кунанд, ки барои ин пул мегиранд. Аз ин рӯ, худатро эҳтиёт бикун, истеъдоди худододи ту барои мардум лозим аст”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.