Овозаҳо дар бораи роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва аз ин сабаб ба дарозо кашидани муҳлати ифтитоҳи он асоси воқеӣ надоранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огоҳ аз ин масъала изҳори назар кард.
Ба гуфтаи манбаъ, то имрӯз комиссияи иборат аз мутахассисони Тоҷикистону Қатар ба корҳои сохтмонии иҷрошуда дар он эродҳои ҷиддӣ надоранд.
“Амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ аз ҳукуматдорони тоҷик дархост кардааст, ки барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид ва адои намоз дар он бо диндорони тоҷик имкон дода шавад, - изҳор дошт манбаъ. - Айни замон тариқи воситаҳои дипломатӣ санаи дақиқи сафари амир ба Душанбе муайян карда мешавад”.
Қаблан зикр шуда буд, ки масҷид дар рӯзҳои ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Дар як вақт дар ин масҷид қариб 100 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд.
Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.
Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.
Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.
Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.