Фардо, 3-юми декабр Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба кор даромада, шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи се низоми пардохт амалиёти интиқоли маблағҳоро анҷом дода метавонанд.

Қаблан “Юнистрим” ба низоми нав пайваст шуда, ҳамчунин бо “Вестерн Юнион” низ қарордод ба имзо расидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар БМТ қайд карданд, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш бо низоми “Контакт” низ чунин созиш ҳосил шудааст.

Дар “Контакт” ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки тариқи ин низом бидуни ҳеҷ душворӣ метавон ба Тоҷикистон маблағ интиқол дод.

Муҳлат дигар намешавад

Нашрияи «Коммерсантъ»-и Русия навиштааст, ки тамоми ҳафтаи гузашта иштирокчиёни бозори интиқоли пул ва Бонки марказӣ талош варзиданд, ки аз қатъи интиқоли маблағҳо байни Русия ва Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 25-уми ноябр дар Бонки Русия бо иштироки намояндагони БМТ, MoneyGram, Contact, «Вестерн Юнион» ва «Золотая корона» машварат доир гардида, зимнан масъалаи кори минбаъдаи низомҳои интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар машварат изҳор гардидааст, ки зиёда аз 90%-и ҳамаи интиқолҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба низомҳои мазкур рост омада, дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо ба низоми нави Бонки миллии Тоҷикистон пайваст нашудаанд. Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 90%-и ҳамаи интиқолҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба низомҳои мазкур рост омада, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо ба низоми нави Бонки миллии Тоҷикистон пайваст нашудаанд.

Барои равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои техникӣ ва танзими кор иштирокчиёни вохӯрӣ аз БМТ дархост кардаанд, ки муҳлати пайвастшавӣ ба низомро ним сол дароз кунад, лекин аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Аммо дар БМТ мегӯянд, ки доир ба баррасии ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гуна вохӯрии махсус баргузор нашуда, пешниҳоди ба вақти дигар мавқуф гузоштани оғози фаъолияти Маркази миллии протсесингӣ дар яке аз форумҳо дар Маскав садо додааст.

Ҳамзамон дар БМТ таъкид доштанд, ба ҷониби Русия фаҳмонида шуд, ки муҳлат дигар намешавад, зеро барои сари мақсад омадан ҷиҳати  кори минбаъда дар бозори Тоҷикистон низомҳои пардохт вақти кофӣ доштанд.

“Низом аз муфлисшавӣ эмин нигоҳ медорад”

Дар Бонки миллӣ ёдрас карданд, ки Маркази миллии протсесингӣ ҳанӯз авали моҳи сентябр бо реҷаи озмоишӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳамаи низомҳои интиқоли пул дар бораи тағйироти оянда огоҳ карда шуданд.

Зарурати ба кор даровардани ин низомро дар БМТ, аз ҷумла, ба пешгирии хавфҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ зимни кор бо низомҳои пардохт  маънидод мекунанд.

Мувофиқи тартиби кори марказ, ҳамаи низомҳои пардохти машғули кор дар Тоҷикистонро зарур аст, ки дар БМТ суратҳисоби муросилавӣ кушоянд ва дар доираи мавҷуд будани маблағҳо дар ин суратҳисобҳо, анҷоми амалиёти интиқоли пул имкопазир мегардад.

“Минбаъд ҳолатҳои осеб дидани ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо сабаби муфлисшавии низомҳои пардохт ғайриимкон мешавад. Ба гунаи мисол, метавон муфлисшавии ду низоми пардохти хориҷӣ («Лидер», «Мигом»)-ро ёдрас кард, ки имрӯз назди ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1 млн. доллар ва 45 млн. рубли русӣ қарздоранд”, - таъкид мекунанд дар БМТ.

Тарифҳо чӣ гунаанд?

Қаблан Бонки миллӣ изҳор дошта буд, ки бо чанде аз низомҳои пардохт гуфтушунид карда, дар натиҷа тарифҳо (комиссияҳо) оид ба интиқоли пул кам шуд. Тарифҳо тақрибан 1,5-2%-ро ташкил дода, баъди гуфтушунид бо чанде аз низомҳои пардохт муяссар шудааст, ки тарифҳои интиқоли пул аз бонкҳои Русия ба Тоҷикистон то 1% поин бурда шавад.

Мо тарифҳоро дар сомонаи низомҳо, ки аз фардо БМТ бо онҳо кор мекунад, санҷидем. Дар “Вестерн Юнион” барои интиқол 1% ва дар “Контакт” барои интиқол аз Русия ба Тоҷикистон 1,4% комиссия ситонида шуда, дар ширкати “Юнистрим” интиқоли пул ба Душанбе 0% аст. Лекин барои ин шумо бояд пулро маҳз бо рубл интиқол диҳед. Агар бо доллар бошад, комиссия 2%-ро ташкил хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.