Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

- Имрӯз дар Тоҷикистон Маркази Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоб дар қаламрави Тоҷикистон тавассути ин Марказ анҷом дода мешаванд. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6949 сомонӣ;

1 евро – 10.6712 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ - 0.1504 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии маъюбон

2002 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо сафари нахустини расмӣ аз Фаронса боздид кард.

Аз натиҷаҳои сафари охири президент ба Порис, ки аввали моҳи ноябри ҳамин сол доир гардид, дар ин ҷо маълумот дарёфт карда метавонед. 

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон дар Порис, 8 ноябри соли 2019
Сурат: хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

2009 — Тоҷикистону Русия Созишнома дар бораи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропиро ба имзо расониданд.

2010 — Дар шаҳри Душанбе Форуми рушди Тоҷикистон доир гардид.

1935-1994 – Зодрӯзи сарояндаи сурудҳои халқӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Қурбони Зардак.

1948 – Мавлуди актёри театру кино Асалбек Назриев.

1960 – Зодрӯзи адабиётшинос, академик Носирҷон Салимов.

1976 — Мавлуди рӯзноманигор Наргис Ҳамробоева.

Имрӯз Рӯзи байнулмилалии маъюбон аст. Соли 1992 ббо мақсади риоя ва пешбурди ҳуқуқҳои маъбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти онҳо СММ 3 декабрро Рӯзи байнулмилалии маъюбон эълон кард.

Дастаи баскетболи Тоҷикистон дар аробачаҳо - "Ғайрат", ки аввалин дар Осиёи Марказӣ аст
Asia-Plus

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26° хунук, (дар мавзеи Булункул 36-38 хунук), рӯзона 7-12° хунук, (дар мавзеи Булункул 18-20 хунук) мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои баландкӯҳ туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8 хунук, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 гарм, рӯзона 18+20° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.