Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки муколамаи миёни Фаронса ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо таъсис дода шавад. Ӯ дар ин бора 8-уми ноябр зимни истиқболи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри Елисейи Порис изҳор доштааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангиро, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ, аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла, истеҳсоли алюминийро афзалиятнок ва муҳим арзёбӣ карданд.

Саҳми ширкатҳои фаронсавӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусӣ, аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ таъкид гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ҷонибҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо низ баррасӣ карда шуд.

1/17

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ – терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, савдои инсон табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт ҳаст, зеро таъмини амнияти Афғонистон омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.

Пас аз мулоқоти сарони ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2019-2023;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Фаронса вии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);

- Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна.

Дар доираи сафари Эмомали Раҳмон ба Фаронса дар маҷмӯъ 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аммо хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ надодааст, оё зимни вохӯрии сарони ду кишвар масъалаи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст, ки дар ин бора аз Эммануэл Макрон созмонҳои байнулмилалии Human Rights Watch ва “Гузоришгарони бидуни марз” даъват ба амал оварданд.

“Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва худсарона дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ, ба мисли “Азия-Плюс”-ро қатъ мекунад. Ин нашрияи мустақили иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Хадамот аст”, - омадааст дар баёнияи “Гузоришгарони бидуни марз”.

Ба навиштаи ин созмон, ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба Интернетро зери инҳисори худ гирифта, аз соли 2018 онро барои маҳдудсозии дастрасӣ ба захираҳои онлайнӣ, бо шумули сомонаҳои иттилоотии “Фарғона” ва “Ахбор”, мессенҷерҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, ҳатто баъзан Google истифода мекунад.

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ҳамчунин аз қазияи Хайрулло Мирсаидов ва фишор болои ВАО-и байнулмилалӣ, аз ҷумла, мушкили аккредитатсияи хабарнигорони Радиои Озодӣ ёдовар шудааст.

Мулоқот бо сарвари кулли ЮНЕСКО

Рӯзи ҷумъа, 8-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот кард. Зимнан масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи Абрешим баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

1/6

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, минҷумла забон, фарҳанги куҳантаърихи миллат ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон аҳаммияти басо муҳим касб кардааст.

Ҷонибҳо ҳадафи аслии ҳамкориро мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳои аъзои Созмон аз ҳисоби густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маънидод карданд.

То имрӯз номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан – санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд. Тоҷикистон тасмим дорад, ки 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуда буд, дар соли 2020 таҷлил кунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи нақшаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои минтақа, алалхусус Тоҷикистон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усули омодасозии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Зимнан хонум Одрӣ Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва истифодаи об, ҳамчунин захираҳои биосфера тақвият бахшида шаванд. Дар робита ба ин атрофи мушкилоти рӯзмарраи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои манфии он мубодилаи афкор сурат пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба кишварҳои Аврупо то 12-уми ноябр дар Фаронса хоҳад буд. Рӯзи 11-уми ноябр ӯ дар Анҷумани сулҳи Порис иштирок ва суханронӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.