Муҷассамасози шинохта Иванов Игор Гуревич ҳафтаи гузашта дар 78-солагӣ дар Русия аз олам чашм пӯшида ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шудааст. Дар ин бора дӯстони наздикаш ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи дӯстонаш, Игор Иванов рӯзи 23-юми апрел дар вилояти Нижний Новгород дар Русия даргузашта ва дар қабристони наздикии хонааш дафн шудааст.
Ӯ 13-уми июни соли 1946 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хайкалтарош Гурия Иванов (яке аз муаллифони нишони РСС Тоҷикистон) таваллуд шудааст. Солҳо дар Тоҷикистон умр ба сар мебурд ва соли 2022 бо оилааш ба Русия кӯч баст.
Игор Иванов Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассоми Душанбе ва Институти театрию рассомии Тошкандро хатм кардааст.
Аз соли 1980 узви Иттифоқи рассомони СССР ва барандаи мукофоти “Комсомоли ленинӣ” аст. Рассоми хидматнишондода ва халқии Тоҷикистон мебошад.
Марҳум борҳо дар намоишномаҳои рассомии Тоҷикистон ва СССР ширкат кардааст ва асарҳояш дар галереяи Третяков дар Маскав, дар Осорхонаи санъати Шарқ дар Маскав ва инчунин дар коллексияҳои шахсии саросари ҷаҳон мавҷуд ҳастанд.
Эҷодиёти ӯ як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу санъати тоҷик гардидааст ва инҳо аз маъруфтарин корҳои Игор Иванов ҳастанд:
- Нимпайкараи Бобоҷон Ғафуров, дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Хиёбони барҷаста, Хоруғ;
- Барелефҳо дар Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон;
- Барелефҳо дар бинои Парлумон.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста