Толибилмони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 1 то 10 январ ба таътили зимистона мебароянд.

Дар Вазорати маорифи кишвар таътили зимситона будани ин рӯзҳоро тасдиқ карданд, вале аз посух ба суол дар мавриди чӣ гуна ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои таълимӣ худдорӣ варзиданд.

Вазорати маориф соли 2015 ҷашни Соли нав дар муассисаҳои таълимӣ ва гузоштани арчаи солинавиро дар онҳо манъ кард.

«Буридани  арча ва гузоштани ягон навъи арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, сайру гашт ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст», - қайд шуда буд дар супориши вазири маориф Нуриддин Саид аз 21-уми декабри соли 2015.

Соли гузашта Вазорати маориф изҳор дошт, ки таҷлили ҷашн мушаххасан манъ нашуда, онро “бе исрофкорӣ ва ҷамъоварии маблағ” гузаронидан лозим аст.

“Як ҳафта пеш аз Соли нави мелодӣ чӣ гуна дар муассисаҳои таълимӣ баргузор шудани ин ҷашн маълум мешавад, аз ин рӯ, айни замон дар ин хусус чизе гуфта наметавонем”, - илова карданд дар Вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.