Ду ҳафта пас аз оғози кори Маркази миллии протссесингӣ оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб сокинони кишвар мудом дар бораи дучор шудан ба мушкилот зимни гирифтани пул шикоят мекунанд. Бархе аз нуқсон дар кори низомҳо ҳарф зада, дигарон мегӯянд, агар дар Душанбе ва Хуҷанд гирифтаи пул имкон дошта бошад, дар минтақаҳо хеле душвор аст. Нафари сеюм изҳор медорад, ки зимни фиристодани маблағ тариқи низоми “Золотая корона”  пул дар ҳамон ҷо мондааст.

Шахсе, ки ба мо аз Русия пул фиристод, маблағро тариқи низоми “Контакт” интиқол дода, дар ҳаҷми 1% ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия) пардохт кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар бонкҳои Русия бохабар намесозанд, ки низоми “Золотая корона” дар Тоҷикистон кор намекунад ва аз ин рӯ, шахсони ноогоҳ ба фиристодани пул тариқи он идома медиҳанд.

Барои гирифтани пул мо ба бонки наздиктарин рафтем. Пулро 30 дақиқа пас аз фиристодан гирифтем.

Дар бонк навбатпойӣ набуд. Пеш аз мо низ ду нафар бе мушкилӣ пулҳои худро гирифтанд. Лекин баъд аз мо оператор хабар дод, ки дар кори низом нуқс пайдо шудааст ва аз мизоҷон хоҳиш кард, андак интизор шаванд. Тақрибан баъд аз 10-12 дақиқа низом боз ба кор даромад.

Ба гуфтаи оператори бонк, аз замони ба кор даромадани Маркази милллии протсессингӣ барномаи он нуқс пайдо карда, вайрон мешавад ва ин ҳолат баъзан 30-40 дақиқа идома меёбад.

Ғайр аз ин, изҳор дошт ӯ, кормандони бонк, аз ҷумла, дар минтақаҳо низ бо тарзи кори низоми нави интиқоли маблағҳо хуб ошно нестанд ва аз ҳамин сабаб саривақт пулашонро гирифта наметавонанд.

Дар шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар кори Маркази миллии протсессингӣ ягон нуқс ҷой надорад.

Дар минтақаҳо вазъ мушкилтар буда, одамон пас аз 3-4 рӯз пулашонро мегиранд. Баъзеҳоро лозим меояд, ки барои гирифтани маблағ ба маркази маъмурии вилоят ё ҳатто ба пойтахт раванд.

“Низом вайрон мешавад ва мо ба мизоҷон хизматрасонӣ карда наметавонем. Маро лозим меояд, ки кор накардани низомро шарҳ диҳам ва ин ба ман вобаста нест. Аз боло мегӯянд, ки интернет суст аст. Он пештар ҳам суст буд, вале вайрон намешуд”, - хабар дод як корманди бонки Исфара.

Бархе шикоят мекунанд, ки пулҳояшон дар низоми “Золотая корона” дармондааст. Тоҷикистниёне, ки дар Аврупо ва ИМА зиндагӣ мекунанд, ду ҳафта инҷониб тариқи низомҳои интиқол ба Ватан пул фиристода наметавонанд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки давоми 3-4 рӯзи наздик низоми интиқоли пули “Вестерн юнион” ба Маркази миллии протсессингӣ пайваст мешавад.

Asia-Plus оид ба ин мавзӯъ дар матлаби “Имрӯз чӣ гуна метавон аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристод?” маълумоти муфид ҷамъоварӣ кардаст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.