Овозхони навраси тоҷик Абдурозиқ таронаи “Оҳи дили зор”-и сарояндаи маъруф Фараҳманд Каримовро бозхонӣ кард. Клипи нашршудаи ин таронаро дар YouTube то имрӯз қариб 3 млн. нафар тамошо карданд.

Пеш аз ин Абдурозиқ ҳамроҳи овозхони дигари тоҷик Барон таҳти унвони “Ватан-Модар” сурудеро сабт карданд, ки онро ҳам зиёда аз 2 млн. нафар тамошо карданд.

Абдурозиқ овозхони касбиву дипломдор нест. Ҳамагӣ чанд моҳ пеш номи Абдурозиқ дар паҳнои интернет вирди забонҳо шуд. То ба Душанбе омадан ӯ сурудҳои халқиро иҷро мекард.

Навраси 16-сола зодаи деҳаи Ғиждарваи ноҳияи Панҷакент аст. Ӯ дар оилаи камбизоат ба дунё омада, волидонаш имкон надоштанд, ки саривақт бемории кӯдаконаи ӯро табобат кунанд: қади ӯ аз баландшавӣ бозмонд, вале ин барои ҳаёти пурҷӯшу хурӯши наврасӣ ва зоҳир шудани истеъдоди мусиқии ӯ монеа эҷод карда натавонист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.