Дар шаҳри Душанбе аз 8-уми январ хатсайри нави автобуси мусофирбари №20 ба роҳ монда мешавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, нуқтаҳои охири хатсайри нави автобус маҳаллаи Пахтакор – собиқ мағозаи «Волга»  (ДОК) таъин шудааст.

Гуфта мешавад, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Борбад, Шестопалов, Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, Ҷ.Икромӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Беҳзод, Дӯстии Халқҳо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунанд. 

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.