Созмони ҷаҳонии тандурустӣ(СҶТ) эълони ҳолати фавқулода (ҲФ)-и сатҳи байнулмилалиро бо сабаби хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония) аз сирояти коронавирус дар Чин бармаҳал донист.

Тавре Медуза менависад, директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус иброз доштааст, ки “ин ҳолати фавқулода танҳо барои Чин аст, вале ҳоло ба ҳолати фавқулода дар миқёси глобалӣ табдил наёфтааст”.

Ӯ қайд кардааст, ки айни замон Созмон аз 584 нафар гирифторони ин беморӣ ва 17 нафар фавтидагон бар асари он маълумот дар даст дорад. Дар ҳамин ҳол, 575 ҳолати беморӣ ва ҳамаи ҳодисаҳои фавт дар Чин рух додаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Кумитаи давлатӣ оид ба масоили тандурустии Чин, шумори ҳалокшудагон аз намуди нави коронавирус дар Чин ба 25 кас ва шумори сироятёфтагон аз он то 830 нафар расидааст.

Тедрос зикр кардааст, ки намуди нави вирус ба бемории чоряки сироятёфтагон боис шуда, аксари онҳо ба касалиҳои фишори баланди хун (гипертония), диабет ё касалии дилу раг гирифтор буданд ва сатҳи сироятнопазирӣ (иммунитет)-ашон заъиф гардида буд.

Роҳбари СҶТ ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар берун аз ҳудуди қаламрави Чин ҳолатҳои аз як шахс ба шахси дигар гузаштани вирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Ба мо ҳоло бисёр чизҳо номаълум аст. Мо сарчашмаи ин вирус, то кадом андоза осон паҳн шудани он, хусусиятҳои клиникии ин беморӣ ва сатҳи вазнинии онро ба таври комил намедонем”, - иброз доштааст вай.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки Созмон алҳол ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав дар самти ҳамлу нақл ва савдоро тавсия намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 23 январ Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Чин қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.