Бар асари афзоиши шумори гирифторони бемории зуком дар Душанбе ва хуруҷи коронавируси нав дар Чин, сокинони пойтахт ба хотири пешгирии беморӣ акнун ҳарчи бештар аз дорухонаҳо ниқоби тиббӣ мехаранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое пайдо шуданд, ки гӯё нархи 1 ниқоби тиббӣ то 3 сомонӣ боло рафтааст. Қаблан онҳо 1 сомонӣ арзиш доштанд.

Тавре маълум шуд, ин овозае беш нест. Хабарнигори “Азия-Плюс” аз якчанд дорухонаҳои шаҳр боздид карда, шоҳиди ҳол буд, ки ниқобҳои тиббӣ то ҳол 1 сомонӣ нарх доранд.

Ба гуфтаи фурӯшандагони дорухонаҳо, бар асари хуруҷи коронавируси 2019-nCoV ҳозир ниқобҳоро мисли пешин на аз Чин, балки аз Русия меоранд.

“Одамон хеле зиёд онҳоро мехаранд ва аз ин рӯ, хеле тез ба охир мерасанд. Дар баъзе дорухонаҳо аллакай ниқобҳо тамом шудаанд, дар чандеи дигар ниқобҳои рангашон гуногун дар фурӯшанд: сиёҳу сафед ва кабуду гулобӣ”, - гуфт фурӯшандаи яке аз дорухонаҳо.

Байни ҷавонон ниқобҳои рангашон сиёҳ бештар писанд буда, онҳо низ бо нархи пешина – 2 сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бархе тоҷикистониёни корчаллон дар гурӯҳҳои Facebook ба фурӯши ниқобҳои тиббии худ оғоз карданд. Як бастаи дорои аз 10 то 50 донаро мефурӯшанд. Аз 15 то 40 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Ниқобҳо бо ранг ва тасвирҳои гуногун пешниҳод мешаванд.

1/2

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.