Коршиносони байнулмилалии соҳаи сайёҳӣ рӯйхати самтҳои бештар муаррифинашуда, лекин қобили таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро таҳия кард.

Тавре Travel and Leisure менависад, Тоҷикистон низ ба даҳгонаи ин самтҳо дохил шудааст.

Ба ақидаи ширкати сайёҳӣ, яке аз лаҳзаҳои ҷолиб зимни сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ дар он аст, ки тӯли ин солҳо он хеле кам тағйир ёфтааст.

“Аз ин рӯ, барои сайёҳон дарвоқеъ ҳам як таҷрибаи нодирест, ки онро бисёр ҷустуҷӯ мекунанд, аммо кам вомехӯранд”, - қайд мекунанд коршиносон.

Travel and Leisure махсус таъкид мекунад, ки маҳз дар Тоҷикистон метавон дар бораи Роҳи Абрешими қадима маълумоти зиёд дарёфт кард.

Ба сафи кишварҳое, ки имконоти сайёҳиашон то ҳол барои бисёре аз ҷаҳонгардон муаррифинашуда боқӣ мемонанд, ҳамчунин Марокаш, Гамбия, Судон, Гренландия, Молдова, Никарагуа, Камбоҷа ва ҷазираҳои канадагии Хауда-Гуай шомил шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.