Арзиши умумии нашри китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки ҳукумати кишвар аз номи раисҷумҳур бояд то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оила дар Тоҷикистон тақдим кунад, муайян хоҳад шуд.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарии рӯзи 13-уми феврал дар ин робита изҳор дошт, ки ба сохторҳои дахлдор супориш дода шудааст, теъдоди зарурии китобро омода ва ба оилаҳо тақсим кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, то кунун арзиши умумии нашри китоби “Тоҷикон” муайян нашудааст, аз ин рӯ, дар бораи рақамҳои мушаххас маълумот дода наметавонад.

Вазири молия таъкид дошт, барои интихоби ширкат ё корхонае, ки ба нашри китоб машғул хоҳад шуд, озмун гузаронида шуда, танҳо баъд аз он метавон дар бораи маблағи мушаххас ҳарф зад.

“Мо манфиатдорем, ки ин китоб дар сатҳи баланди ороиш ва хушсифат чоп шавад”, - илова кард Қаҳҳорзода.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон дастур дод, китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди президенти Тоҷикистон ба нашр расида, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи ӯ ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад.

Амри дахлдори сарвари давлат дар ин хусус ҳафтаи гузашта ба имзо расид.

Дар амр гуфта мешавад, ин ташаббус “бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ” амалӣ мешавад.

Китоб марҳила ба марҳила аз ҳисоби Фонди президенти Тоҷикистон нашр хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.