Шоираи саршиноси тоҷик Фарзона дар бемористон қарор дорад. Ба гуфтаи наздиконаш ва табибон, ӯ ба зукоми мавсимӣ гирифтор шудааст.
“Ӯ ҳар сол зукоми мавсимиро душвор паси сар мекунад, муддати тӯлонӣ хонанишинӣ карда, ҳатто овозаш ҳам мегирад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони шоира.
Наздикони Фарзона умедворанд, ки шоира базудӣ сиҳат хоҳад шуд ва аллакай вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудист.
Ҳамсари Фарзона – шоири маъруф Озарахш низ аввали ҳафтаи гузашта ҳамроҳи ӯ дар бемористон бистарӣ шуда, ба қавли табибон, ба бемории варами роҳҳои нафаскашӣ гирифтор шудааст.
Сардухтури беморхонаи Шайх-Бурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки Фарзона ва Озарахш дар он бистариянд, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Фарзона аллакай қариб шифо ёфта, “Озарахш бемории варами роҳҳои нафас дорад ва умедворам, ки ӯ ҳам ба наздикӣ сиҳат мешавад”.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки тестҳои аз ҳамсарон барои ташхиси коронавирус гирифташуда натиҷаҳои манфӣ додаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ҳудуди 800 нафар то 20-уми апрел дар минтақаҳои карантини вилоят қарор дошта, 2 ҳазору 639 нафар аз карантин гузаштаанд ва дар ҳеҷ кадоме аз онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш ҳунармандони вилояти Суғд ба шеъри Фарзона дар бораи коронавирус оҳанг баста, онро манзури тамошобинон карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.