Имрӯз, 24-уми апрел дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе маъруф ба “1-ум Советский” табиб-физиотерапевти 57-сола вафот кард.

“Табиб Солиев Фатто Гаппаралиевич фавтид. Ба ӯ қаблан ташхиси илтиҳоби шуш гузошта буданд. Рӯзи душанбе аҳволаш бад шуд ва ӯро аз хонааш ба бемористон оварданд. Маросими дафни ӯ имрӯз соати 15:00 баргузор шуд, аммо ҷасадро кормандони тиббӣ гӯрониданд”, - хабар дод манбаъи “Азия-Плюс” дар беморхона.

Ин маълумотро ҳамчунин пизишки дигаре, ки дар ҳамин беморхона кор мекунад, тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, табиби ҳалокшуда гӯё хешовандонашро дар яке аз минтақаҳои карантин аёдат кардааст.

“Ӯ дар Маркази тиббии мо кор намекард. Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ, ки дар шаҳраки тиббӣ (Медгородок) ҷойгир аст, сардухтур ё мудири шуъба буд. То ҷое ман медонам, ӯ бо хешовандонаш, ки дар карантин буданд, вохӯрдааст”, - гуфт пизишк.

Сарвари беморхона Хуршед Рустамзода ба хабарнигорони “Азия-Плюс” тавсия дод, ки ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Дар он ҷо ваъда доданд, ки маълумотро санҷида, дертар пешниҳод мекунанд, аммо то ҳол посухе нест.

Ёдрас мекунем, ки тӯли ду рӯз дар ин беморхона аз илтиҳоби шуш 7 нафар вафот карданд. Вазорати тандурустӣ марги 3 каси онҳоро инкор мекунад. Аз бегоҳи 21-уми апрел то рӯзи чоршанбе, 22-юми апрел дар ин беморхона якбора 4 кас фавтиданд. Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” сарвари он Рустамзода ва чанде баъд Вазорати тандурустӣ ҳам тасдиқ кард. Рӯзи дигар дар ин беморхона боз 3 нафар аз илтиҳоби шуш даргузаштанд. Дар бораи вафоти онҳо ба “Азия-Плюс” як манбаъи муътамад дар ин беморхона хабар дод, аммо дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ онро рад кард.

Қаблан дар ҷумҳурӣ чандин ҳодисаҳои марги шаҳрвандон аз илтиҳоби шуш ва бемории сил ба амал омад, ки баъдан наздикону хешовандон ва табибони онҳоро ба карантин гирифтанд.

Ёдрас мекунем, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус изҳор дошт,  ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба нашрияи “КоммерсантЪ” изҳор дошт: “Қотеъона тасдиқ наметавон кард, ки дар кишвар ҳолатҳои беморӣ нест”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.