Бегоҳи 17-уми апрел бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ва Шодихон Ҷамшед, роҳбарони як қатор раёсатҳо ва сарварони муассисаҳои тандурустии пойтахт ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, сараввал оид ба вазъи сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Шайдулло Шарипов  маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1-уми феврал то 17-уми апрели соли равон 7871 нафар шаҳрвандони аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон воридшуда ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи мазкур 6348 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1523 нафарашон  дар карантин  қарор доранд.

Номбурда иброз дошт, ки то 17-уми апрели соли равон дар миёни шаҳрвандоне, ки ба карантин фаро гирифта шуданд, сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Дар идомаи ҷаласа фавт ва гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат бо бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дар чанд рӯзи охир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сар задани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар робита ба он, ки гӯё ин нафарон гирифтори сирояти коронавирус мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар хабари вазорат.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ зимни суханронӣ иброз доштааст, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳамзамон ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида расид.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, шумора ва нишондиҳандаи беморшавӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 (нишондод ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ) чунин мебошад:

бемории зуком (грипп) – 9982 нафар;

илтиҳоби шуш (пневмония) – 12802 нафар;

ОРВИ – 350702 нафар;

диққи нафас – 1293 нафар;

домана – 8 нафар.

“Яъне омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт”, - навиштааст вазорат.

Зимнан таъкид шудааст, ки бояд моҳияти аслии ин беморӣ аз ҷониби табибони оилавӣ ба шаҳрвандони мамлакат расонида шавад, то дар ин лаҳзаҳои ҳассос сокинон ба таҳлука наафтанд.

Дар анҷоми ҷаласа  барои дар ҳолати омодабош қарор доштан ҷиҳати хуруҷи эҳтимолии сирояти коронавирус ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дар семоҳаи аввали соли 2019 дар миқёси вилоят аз бемории илтиҳоби шуш 20 нафар ва дар се моҳи аввали соли 2020 – 15 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, директори Маркази ҷумҳуриявии тиббии “Шифобахш” Ҳикматулло Шамсзода дар бораи маълумоти омории бемории илтиҳоби шуш дар ин муассиса дар соли 2019 ва 3 моҳи соли равон хабар дод.

Ҳикматулло Шамсзода
Asia-Plus

“Соли 2019 дар шуъбаи бемориҳои шуш (пульмонология) 784 беморони калонсол бо ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, 5 нафар фавтиданд. Дар се моҳи соли равон 261 бемор бистарӣ шуда, 2 кас фавтид. Дар шуъбаи кӯдакона соли гузашта 458 кӯдак бистарӣ шуда, 18 нафарашон фавтиданд. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ 97 кӯдак бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуда, 10 нафарашон фавтиданд”, - иттилоъ дод ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, аксари беморон, бахусус, аз ноҳияҳо дар ҳолати ниҳоят вазнин ба беморхона муроҷиат мекунанд, ки кори табибонро душвор карда, ба оқибатҳои вазнин ва марг боис мешавад.

Табиби дигари ин соҳа, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, иброз дошт, ки муқоисаи маълумоти омории солона бо семоҳа дуруст нест.

“Бубинед, мавсими бемории роҳҳои нафас, аз ҷумла, зуком, ОРВИ ва илтиҳоби шушро семоҳаи аввал ва охири сол мебошад. Ман маълумоти омории саросари ҷумҳуриро дар даст надорам, лекин аз таҷрибаи шахсиам гуфта метавонам, ки шумори гирифторон ба илтиҳоби шуш ва марг аз ин беморӣ сол то сол кам мешавад. Ин натиҷаи беҳбуди шароити хизматрасонии тиббӣ, сифати ҳаёт ва баланд шудани сатҳи саводнокии тиббии аҳолӣ мебошад”, - қайд кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.