Имрӯз, 22-юми апрел дар Маркази тиббии №1 (воқеъ дар маҳаллаи 1-ум Советский)-и шаҳри Душанбе якбора 4 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд.
Маълумот дар бораи марги онҳоро сарвари беморхона Хуршед Рустамзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
“Мутаассифона, имрӯз 4 нафар беморони мо аз илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 60-сола болост. Ҳамаи онҳо мардонанд”, - хабар дод ӯ.
Ба гуфтаи Хуршед Рустамзода, ташхиси коронавирус дар ин 4 нафар мардони фавтида натиҷаи манфӣ нишон додааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъи огаҳи “Азия-Плюс” хабар дод, айни замон беш аз 100 нафар бо илтиҳоби шуш дар ин беморхона бистариянд”.
“Се нафари онҳо дар ҳолати вазни қарор доранд”, - қайд кард ӯ.
Ёдрас мекунем, ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус изҳор дошт, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилооти Вазорати тандурустии кишвар, соли гузашта шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш 12 ҳазору 802 нафарро ташкил додааст. Аммо дар бораи шумори фавтидагон аз ин беморӣ маълумот дода нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста