Кормандони тиббии Тоҷикистон, ки дар тадбирҳои пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ иштирок мекунанд, ба ғайр аз музди меҳнат, иловапулӣ мегиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, раҳбарияти ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик дар ин хусус санади дахлдор қабул мекунад.
Айни замон, ба гуфтаи манбаъ, сохторҳои дахлдор ҳаҷми иловапулиро бо назардошти имконоти мавҷудаи буҷет муайян карда истодаанд.
“Эҳтимол ба табибон иловапулии баробар ба музди меҳнаташон дода мешавад”, - таъкид дошт ӯ.
Қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” изҳор дошта буд, ки барои кормандони тиб аз ҳисоби буҷети давлатӣ маоши иловагӣ ҷудо карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироят аз коронавирус сабт нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.