Мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ба 46 нафар собиқадорони ҷанг, ки дар шаҳру навоҳии вилоят зиндагӣ мекунанд, ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, инчунин ба ду ҳамсари бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокшуда низ ҳамин миқдор маблағ супурда мешавад.
Ҳамчунин тибқи қарори раиси вилоят, ба 273 нафар коргарони ақибгоҳи замони ҶБВ ба муносибати ид 2 ҳазор сомонигӣ кумакпулӣ тақдим мегардад.
Ғайр аз ин, барои дастгирии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ раисони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят вилоят низ кумакпулии яквақта ҷудо мекунанд.
Президенти Тоҷикистон то ҳол дар бораи кумакпулӣ ва дастгирии собиқадорони ҶБВ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба ягон амре имзо накардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.