Русия тасмим гирифт, ки бо сабаби пандемияи коронавирус омӯзгорони русиягии дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаро ба ватан бармегардонад.
Онҳо бо ҳавопаймои ширкати Русия рӯзи 25 май парвоз мекунанд. Тоҷикистон гуфтушунид мегузаронад, то ки бо ин ҳавопаймо шаҳрвандони тоҷик ба ватан оварда шаванд.
“Айни замон байни Тоҷикистон ва Русия гуфтушунид ҷараён дорад. Тоҷикистон созиш ҳосил карданист, то ки бо ин ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, шаҳрвандони тоҷики хоҳишманди ба ватан баргаштан ба чумҳурӣ оварда шаванд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар.
Ба гуфтаи ӯ, агар Русия розӣ шавад, рӯзи 25 май бо ҳавопаймои барои ба ватан бурдани омӯзгорони русиягӣ пешбинишуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан оварда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, барои баргардонидани шаҳрвандони худ Русия се парвоз анҷом доданист. Рӯзи 25 май анҷоми парвоз бо хатсайри Душанбе - Маскав, 26 май: Душанбе - Красноярск ва Душанбе - Екатеринбург ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.