Дар бораи кам кардани арзиши иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе хабар дода мешавад, қарор бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт ва ҷалби бештари сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ қабул шудааст.
Дар қарор зикр мешавад, ки тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд. Лекин худи замимаҳо нашр нашуда, дар бораи нарх низ маълумот дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки арзиши сохтмон то нисф (50%) кам карда мешавад.
“Ин қарор бар асари пандемия ва бо мақсади дастгирии соҳибкорон қабул шуд. Арзиши иҷозати сохтмони манзил ва нуқтаҳои савдо дар Душанбе 50% кам карда мешавад. Қарори ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси шаҳрӣ фиристода шуд”, - гуфт манбаъ.
Ширкатҳои сохтмонӣ қаблан барои сохтмони як метри мураббаъ манзил ё нуқтаҳои фурӯш аз 165 то 220 сомонӣ (17-23 доллар) маблағ пардохт мекарданд.
Ёдрас мекунем, ки тағйироту илова ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», ки мувофиқи он ширкатҳои сохтмонӣ дар қаламрави Душанбе ба пардохти хироҷ уҳдадор шуданд, 6 феврали соли 2019 якдилона аз ҷониби палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.
Ин воситаҳо ба суратҳисоби махсуси ҳукуматдорони пойтахт дар Вазорати молия гузаронида мешаванд, ки онро бо ин мақсад Вазорати молияи Тоҷикистон боз мекунад.
Ташкилотҳои буҷетии ҷумҳурӣ, ки ба сохтмони иншооти таъиноти саноатӣ ва иҷтимоӣ, иншооти зербинои бахши сайёҳӣ машғалунд, аз пардохти чунин хироҷ озод карда мешаванд.
Нимаи моҳи март пас аз қабули ин тағйироту иловаҳо мо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, сокинон ва коршиносони соҳа дар бораи таъсири он ба бозори амволи ғайриманқул дар Душанбе суҳбат кардем. Аксари онҳо изҳор доштанд, ки маблағи хироҷ ба арзиши хонаҳо илова карда мешавад. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи мо «Квартиры в Душанбе подорожают» қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.