Имрӯз, 28 май хатсайри махсуси ширкати “Эйр Индия”143 шаҳрванди Ҳиндустонро аз Душанбе ба Ҷайпур (Раҷастан) интиқол диҳад. Дар назар аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон низ бо ин парвози ба Душанбе меояд.

Рӯзи 27 май ҳукумати Ҳиндустон барои бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва шаҳрвандони Ҳиндустон, ки дар Тоҷикистон буданд, парвози махсусро тавассути ширкати Эйр Индия ташкил кард.

Бо хатсайри АИ-1983, 45 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар курсҳои гуногуни аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон ташкилшуда таҳсил мекарданд ва ба сабаби паҳншавии Ковид-19 ва баста шудани фурудгоҳҳо дар Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар он ҷо дармонда буданд, ба ватан баргаштанд.

Пас аз бозгашт хатсайри мазкур 143 нафар шаҳрванди Ҳиндустонро аз Душанбе ба Каннур (Керала) бо худ мебарад.

Сафорат бо мақомоти дахлдори Ҳиндустон тамос мегирад, то парвозҳои иловагиро барои эвакуатсияи ҳиндуёни боқимонда дар Тоҷикистон, ки хоҳиши бозгашт ба Ҳиндустон доранд, ташкил кунанд.

Ҳавопаймои "Эйр Индия" дар Душанбе
Сурат: Сафорати Ҳиндустон дар ҶТ

Амалигардонии ин парвозҳои махсус равобити аълои дуҷонибаи Ҳиндустон ва Тоҷикистон ва ҳамкориҳои зичро дар ҳама масъалаҳо, аз ҷумла дар соҳаи муносибатҳои байнимардумӣ таҷассум мекунад.

Аз номи ҳукумати Ҳиндустон, сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ изҳори сипос мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, Вазорати авиатсияи граждании Ҳиндустон, Вазорати тандурустӣ ва беҳдошти оилавии Ҳиндустон, Вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон ва ширкати Эйр Индия дар ташкили ин парвозҳои махсус ва ба ватан бурдани шаҳрвандони Ҳиндустон, ки аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бароварда шудаанд, нақши муҳим доранд.

Сафорат талошҳои ин вазоратҳоро қадр мекунад ва ба онҳо барои ҳамкорӣ ва дастгирии бебаҳо изҳори миннатдорӣ менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.