Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели даст доштан дар лату кӯб ва таҳқир Шаҳноза Холиқоваи 22-соларо боздошт намуданд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шоми рӯзи 6 май ӯ дар хонаи иҷорааш дар ҳузури дугонаҳояш шиноси худ Гулноза Ваҳҳобоваро нахуст бераҳмона лату кӯб ва сипас бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ҷабрдидаро мебурад.

Гуфта мешавад, дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Мадина Дадахонова ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд.

Зикр мегардад, ки нисбат ба Шаҳноза Холиқова парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.