Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муътадил буда, рӯзҳои ахир шумори беморони коронавирус ба таври назаррас кам мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамудин Камолзода, ки дар ВМКБ қарор дошта, табибони Лаҳистон (Полша)-ро ҳамроҳӣ мекунад, хабар дод, вобаста ба вазъи марбут ба коронавирус дар ин минтақа ҳеҷ ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад.
“Дар ин ҷо ҳузур доштани ман ва табибони Лаҳистон маънои онро надорад, ки вазъи вобаста ба коронавирус дар ин минтақа бад шудааст. Баръакс, рӯз то рӯз вазъият ин ҷо беҳтар мешавад. Табибони хориҷӣ аз ҳамаи вилоятҳои кишвар боздид намуда, бо вазъ дар ин ҷойҳо шинос ва бо ҳамтоёни тоҷики худ табодули таҷриба мекунанд. Ҳамчунин мо масъалаи ифтитоҳи озмоишгоҳ оид ба тестгирӣ аз Covid-19-ро дар ин ҷо баррасӣ дорем”, - гуфт муовини вазир.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти дастгоҳи раиси ВМКБ, раиси вилоят Ёдгор Файзов рӯзи 13 июн табибони Лаҳистонро ба ҳузур пазируфт.
“Мо аз табибони вилоят чунин натиҷаро интизор набудем онҳо дониши баланд доранд, нисбати фаъолияти худ хеле ҷидди ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад”, - иброз доштаанд зимни суҳбат табибони Лаҳистон.
Онҳо қайд кардаанд, ки табибони вилоят кӯшиш намудаанд, ки аз тамоми усулҳои табобати ҷаҳонӣ истифода намоянд ва бемориро ба як ҳолати муқаррарӣ гардонданд.
“Барои мо боиси тааҷҷуб аст, ки дар ин минтақа фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид, - зикр кардаанд онҳо. - Онҳое ки фавтиданд касалиҳои дигар музмин низ доштанд. Бинобар ин, фаъолияти табибони ВМКБ барои мо ҳам як таҷрибаи хело калон низ хоҳад буд”.
Дар навбати худ раиси вилоят қайд кардааст, ки бо дастгирии табибони соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ ва истифода аз методҳои давлатҳои ҷаҳонӣ, Тоҷикистон бо тамоми кӯшишу ғайрати худ бар зидди бемории сироятии короновирус мубориза бурда истодааст.
“Хушбахтона рӯзҳои охир ин касалӣ дар вилоят кам шуда, дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои табибони Лаҳистон барои кормандони соҳаи тандурустии вилоят қимати беандоза дорад”, - изҳор доштааст Ёдгор Файзов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.