Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳоро тариқи хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанбе барқарор мекунад. Ширкат рӯзи 16 июн чунин тасмим гирифтааст. Парвозҳо бо ҳавопаймои тамғаи Ан-2 анҷом дода мешаванд.
“Билетҳо пас аз сабти пешакии мусофирон ба хатсайр фурӯхта мешаванд. Хоҳишмандони гирифтани билетро лозим аст, ки ба дафтари кории ширкат дар Душанбе ва Хоруғ муроҷиат кунанд ё бо рақамҳои +992-905-100-200, +992 - 48- 701-50-50 занг зананд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Тоҷик Эйр.
Тибқи маълумоти ширкат, арзиши билет ба як самт 990 сомонӣ, барои кӯдакони синни то 11-сола - 50% аз арзиши билет барои калонсолон (495 сомонӣ)-ро ташкил дода, барои кӯдакони синни то 5-сола бепул аст.
“Пас аз ҷамъоварии шумори муайяни мусофирон ширкат пешакӣ бо онҳо дар иртибот шуда, дар бораи рӯзи парвоз хабар медиҳад. Агар хоҳишмадон зиёд бошанд, хатсайр дар як ҳафта ду маротиба ташкил мешавад”, - гуфтанд дар ширкат.
Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли гузашта мутаваққиф шуда буд. То ин дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои Ан-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри “Тоҷик Эйр” қарор дошт, анҷом дода мешуданд.
Соли 2019 ҳавопаймои ширкати«Pactec International» ба Хоруғ парвоз мекард. Аммо моҳи июни соли равон Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе парвозҳои ширкатро ба шаҳри Хоруғ манъ ва имзои шартномаро бо пардохти 101 доллар барои ҳар як нишаст талаб кард.
Бо дархости раиси ВМКБ Ёдгор Файзов Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба ширкати «Pactec International» ҷиҳати бепул парвоз кардан ба Хоруғ иҷоза дод, лекин баъди иҷрои якчанд парвоз онҳо боз қатъ шуданд.
Айни замон танҳо тариқи роҳи мошингард ба шаҳри Хоруғ сафар кардан имкон дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.