Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, ду созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтномаи “Пайк” дар Кӯлоб, ки 10-уми январи соли 2025 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд ва дигар рӯзноманигорони зиндониро раҳо кунанд.
Аҳмади Иброҳим моҳи августи соли 2024 дастгир шуда буд. Мақомот ӯро ба “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор карда, вале то ба ҳол шарҳ надодаанд. Худи Аҳмади Иброҳим иттиҳомро эътироф накардааст.
Дар изҳороти Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Гузоришгарони Бидуни Марз зикр шудааст, ки “истифодаи низоми судиро барои хомӯш кардани садоҳои мухолиф маҳкум ва фавран озод кардани Аҳмади Иброҳим ва ҳафт рӯзноманигори дигари зиндонӣ дар кишварро талаб мекунад”.
“Ҳукми 10 соли зиндон ба Аҳмади Иброҳим як ҳукми марг барои журналистикаи мустақил дар Хатлон мебошад. Ин ҳукм — натиҷаи мурофиаи ғайришаффоф ва бидуни ҳуқуқи ҳимоя — боз як намунаи талоши мақомот барои хомӯш кардани охирин паноҳгоҳҳои матбуоти мустақил мебошад. Гузоришгарони Бидуни Марз талаб мекунад, ки Аҳмад Иброҳим ва дигар рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон фавран озод карда шаванд”, - таъкид мешавад дар изҳороти Жанна Кавелйе.
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳам ҳукм нисбати Аҳмади Иброҳимро сангин номид.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон навишт, ки “мақомоти тоҷик давоми даҳсолаи охир қариб тамоми матбуоти мустақилро аз байн бурдаанд. Ҳукми сангини Аҳмади Иброҳим нишон медиҳад, ки онҳо то чӣ андоза омодаанд, то гузоришҳои танқидиро аз байн баранд”.
Ӯ ҳам аз мақомоти тоҷик хост, “Аҳмади Иброҳимро ҳамроҳ бо ҳафт рӯзноманигори дигари зиндонӣ озод кунанд ва муҳити маҳдудкунандаи расонаҳои кишварро ислоҳ намоянд”.
Бояд гуфт, ки ҳукми Аҳмади Иброҳим пас аз як рӯзи додхоҳии ӯ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир гардид.
Ӯ дар он нома навишта буд, ки бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.
“Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?”, - навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш.
Аҳмади Иброҳим ҳамаи иттиҳомро рад карда, боздошташро кори дасти “як раис ва ду корманди мақомот” номида, вале аз касе ном нагирифт.
Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим ҳафтаномаи “Пайк” пурра аз чоп бозмонд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста