Зиёда Қаюмова дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад. Қитъаи заминро ӯ аз давлат гирифта, вагонро директори мактаб дод, ки дар он фаррош шуда кор мекард.

“Панҷ сол инҷониб ҳамин ҷо зиндагӣ дорем, об нест, онро мехарем, дохили вагон тобистон хеле гарму зимистон сард аст”, - мегӯяд зан.

Зиёда пештар дар муассисаҳои гуногун ба ҳайси фаррош кор мекард, лекин замони пандемия муассисаҳо аз хизматрасонии ӯ даст кашиданд. Ӯ дар ҳаҷми... 100 сомонӣ кумакпулӣ барои камбизоатон мегирад.

Ягона орзуи зан сохтани хонаи начандон калон аст. Зиёда бовар дорад, ки бо гузашти вақт ҳамааш хуб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.