Сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба Тоҷикистон омада натавонистани мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон бар асари пандемияи коронавирус оғоз нагардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба корҳои лоиҳакашӣ ва амалисозии он мутахассисони хориҷи ҷалб шудаанд.

Соли 2020 шаҳрдортии пойтахт дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул кард. Аз вариантҳои сершумор канори шимолии Душанбе наздикии соҳили дарёи Варзоб, ҷойи ду кӯли ҳозира интихоб шуд.

“Айни замон лозим омад, ки иҷрои ин қарор мавқуф гузошта шавад. Таҳияи ҳуҷҷатҳо ба дӯши лоиҳакашони Маскав вогузор шуд, ки дар ин самт таҷрибаи корӣ доранд. Дигар мутахассисони хориҷӣ низ даъват шуданд. Аммо бо сабаби эпидемияи коронавирус ва қатъи алоқаи нақлиёт онҳо ба Душанбе омада натавонистанд. Бо пайдо шудани имконят мо ба амалисозии лоиҳа шурӯъ мекунем”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи шаҳрдории пойтахт Тоҷиддин Саидзода.

Боғи ҳайвоноти Душанбе 60 сол пеш ба фаъолият оғоз намуда, то ҳол дар маркази шаҳр, наздикии пайвастшавии дарёҳои Варзоб ва Лучоб, дар масофаи камтар аз як километр аз маҷмааи биноҳои ҳукумат қарор дорад.

Ҳолати он, аз ҷумла шароити нигоҳубини ҳайвонот ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Лекин зарурати ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот 8 сол бе натиҷа мавриди баррасӣ қарор дошт.

Қаламрави боғи ҳайвонот, ки ҳозир ба 6 гектар баробар аст, якчанд баробар зиёд шуда, ба ивази катакҳо (панҷараҳо)-и ҳозира ба ҷойҳои васеъ бо шароити наздик ба табиӣ барои ҳайвоноту парандагон имкон хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.