Бар асари сирояти коронавирус тасмим гирифта шудааст, ки дар Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну хонандагони мактабҳо маршировка (намоиши дастаҷамъонаи ҷашнӣ) гузаронида намешавад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ба иштирок дар намоишҳои театришуда ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ ҷалб нашудаанд.

“Алҳол тасмим гирифта шудааст, ки маршировка гузаронида нашавад. Дар сурати тағйири вазъ, шумори маҳдуди иштирокчиён бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷалб мешаванд. Ҳамааш аз вазъи марбут бо коронавирус вобаста аст. Таҷлили оммавии ҷашни Рӯзи Истиқлолият ё 5500-солагии Саразм дар моҳи сентябр низ ҳоло маълум нест, зеро олимони аксари кишварҳо имрӯз мавҷи дуюми сирояти коронавирусро пешгӯйӣ мекунанд”, - иброз дошт вазир.

Зулфия Давлатзода
Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи Давлатзода, паҳншавии сирояти коронавирус ба намояндагони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ низ таъсири манфӣ расонид.

“Тоҷикистон 5 собиқадори соҳаи фарҳангро талаф дод, ки ифтихори ҷумҳурии мо буданд. Инчунин дар ин давра 18 нафар кормндони Вазорат аз коронавирус сироят ёфтанд”, - қайд кард Давлатзода.

Зимнан зикр шуд, ки дар робита ба паҳншавии коронавирус Вазорати фарҳанг ва воҳидҳои зертобеъи он ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бо COVID-19 наздики 70 ҳазор сомонӣ маблағ гузарониданд.

“Ғайр аз ин, намояндагони соҳа ба кормандони тиббӣ ва аҳолии пойтахт, инчунин як қатор навоҳӣ бо доруворӣ, ниқобу дастпӯшак ва маҳсулоти ғизоӣ кумак карданд”, - илова кард вазири фарҳанг.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.