Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо COVID-19 дар давраи аз 1 то 15 сентябр ширкати «Сомон Эйр» бораи тадриҷан ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Россия 52 парвози чартерии иловагӣ ба Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, парвозҳои чартерӣ дар мувофиқа бо мақомоти Россия анҷом дода мешаванд.

“22 июл ҷониби Россия дар бораи қарори ҳукумати Тоҷикистон оид ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Россия бо риояи қатъии талаботи санитарию зиддиэпидемикӣ расман хабардор карда шуд. Ҷониби Россия дар навбати худ иттилоъ дод, ки санаҳои барқарор кардани парвозҳои мунтазам баъд аз машваратҳои мақомоти авиатсионии ду кишвар муайян карда мешаванд”, - қайд мешавад ар хабар.

Вазорат огоҳ мекунад, ки ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.

Рӯйхатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешаванд.

Ҳамзамон, ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Россия бо сафари хизматӣ рафтаанд, афзалият дода мешавад.

Ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан  ба тарзи электронӣ ба суроғаи [email protected] барои баррасии минбаъдаи комиссияҳои зикршуда фиристанд.

Ҳамин тариқ, аз 1 то 15 сентябр парвозҳои чартерии зерин ба нақша гирифта шудаанд:

— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 1 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

— 1 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Краснодар-Душанбе;

— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 3 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 4 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 5 сентябри соли 2020, Иркутск-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 8 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 9 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Сочи-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Красноярск-Душанбе;

— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 11 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 12 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 15 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" барои ба ватан бурдани русиягиҳо аз Тоҷикистон ба Русия то 25 сентябр 12 парвози чартерӣ анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки барои номнавис шудан ба хатсайрҳо, шаҳрвандон бояд худро бо суроғаи зерин ба қайд гузоранд. Рӯйхатҳо бар асоси бақайдгузорӣ дар портали Хизматрасонии давлатии Русия тартиб дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.