Дар чопхонаи “Нашриёти муосир” нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми моҳи сентябр тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бо амри президенти мамлакат аз 6 феврал, ин китоб то 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи тоҷикистониён туҳфа карда мешавад.

“Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ, китоби мазкур мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила аз номи раисҷумҳур туҳфа карда мешавад”, - қайд мешавад дар санад.

Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки бо тартиби муқарраршуда тадбирҳо аедешида, теъдоди зарурии китобҳоро тайёр кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.