Шаби гузашта муовини сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковники милитсия Шамсулло Абдуллозода дар синни 47-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар РВКД дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Шамсулло Абдуллозода аз бемории диабети қанд азият мекашид.
“Полковник Шамсулло Абдуллозода аз бемории қанд азият кашида, дирӯз сатҳи қанд дар хунаш якбора баланд шуд ва ба маргаш боис гардид”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки Абдуллозода он ҷо истиқомат мекард, ба шарти ифшо нашудани ному насабаш изҳор дошт, ки Шамсулло Абдуллозода чанде пеш ба бемории илтиҳоби шуш низ гирифтор шудаааст.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки тақрибан як ҳафта пеш хоҳари полковник низ даргузашта, лекин дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе хабар дода нашуда буд.
Шамсулло Абдуллозода солҳои охир дар вазифаҳои раҳбарии ВКД кор мекард. Ӯ ба ҳайси муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар влояти Хатлон, намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Русия ва муовини сардори РВКД дар Хатлон фаъолият кардааст.
Ёдрас мекунем, ки Шамсулло Абдуллозода бародари директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдулло Файзулло мебошад.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.