То замоне, ки Тошканд алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Осиё ва Аврупо барқарор накунад, парвозҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сар гирифта намешаванд, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
“Гап сари он аст, ки аксарияти мусофирони хатсайри Душанбе-Тошканд, шахсоне мебошанд, ки бо истифода аз фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон тариқи транзит ба дигар давлатҳои Аврупо ва Осиё, инчунин ИМА сафар мекунанд”, - қайд кард манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон аз Ӯзбекистон чунин парвозҳо иҷро карда намешаванд ва “ҳеҷ яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ бар зиёни худ парвозҳоро бо хатсайри Душанбе - Тошканд анҷом намедиҳад”.
“Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки парвозҳо байни давлатҳо пас аз барқарор шудани хатсайрҳои ҳавоӣ аз Ӯзбекистон ба дигар кишварҳои ҷаҳон барқарор хоҳанд шуд”, - илова кард манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки аз 8 октябр парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе - Истанбул - Душанбе ва аз нимаи моҳи октябр бо Чин барқарор мешаванд. Роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода зикр кард, ки масъалаи парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Тошканд ҳам мавриди бозбинии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.