Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Баъзе хоҷагиҳо имсол ба рекордҳои шахсии худ дар рӯёнидани ҳосил ноил гардиданд, аз ҷумла Раҳим Ҳалимов аз ноҳияи Восеъ.

“Имсол ҳосил хуб аст. Пахтаи мо дар 1,4 га қитъаи замин кишт шуда, 20-сентнерӣ ҳосил гирифтем, солҳои пеш ба таври назаррас камтар буд”, - мегӯяд ӯ.

Ба қавли номбурда, соли гузашта аз нурии карбамид ва имсол аз селитра ба зироат ғизо дода, боз обдиҳиро зиёд кардаанд, ки ин самар додааст.

То имрӯз дар Тоҷикистон 330 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ҳудуди 80%-и нақша баробар аст. Ҳосили бештар дар вилояти Хатлон ҷамъоварӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.