Мунира Рофиева забони чиниро хеле хуб аз бар карда, чанде пеш дар озмуни ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби сафорати Чин дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ғолиб дониста шуд.

Мунира дар курси чоруми Донишкадаи омӯзгории шаҳраи Панҷакент таҳсил дошта, инчунин ба шгирдонаш низ забони чиниро таълим медиҳад. Чанде аз шогирдонаш тарҷумонҳои муваффақ шуда, бархе аз онҳо барои таҳсилу кор ба Чин рафтаанд.

Мунира мегӯяд, дар асл омӯзиши забони чинӣ нисбат ба бисёре аз дигар забонҳо осонтар аст. Бо кадом сабаб?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.