Дар Душанбе пагоҳ, 17-уми январ, дар пайи сафари Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба ватан, роҳҳои мошингарди кӯчаҳои Мастонгулова, А.Дониш, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан баста мешаванд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, навиштааст, ки ҳаракати нақлиёт дар ин масир аз соати 6:30 то 8-и субҳ қатъ мегардад.
Ин ниҳод аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.
Бояд гуфт, имрӯз аз соати 8-и субҳ ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Сино, Нусратулло Махсум ва хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Сомонӣ барои муддате қатъ гардид ва ин ҳолат то соати 20:00 идома меёбад.
Ёдрас мешавем, ки Масъуд Пизишкиён бегоҳи 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ин сафари нахустини ӯ ба унвони раиси ҷумҳури Эрон аст. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ӯро дар Қасри миллат истиқбол гирифт ва байни вазоратҳои ду кишвар 23 созишнома ва байни бахши тиҷорӣ 13 созишномаи ҳамкорӣ ба тавсиб расид.
Интизор меравад, ки Масъуд Пизишкиён пагоҳ субҳ аз Тоҷикистон бо сафари давлатӣ озими Русия шавад.
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста