Имрӯз, оид ба ҷамъбасти фаъолияти худ дар соли 2024 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (08:30), Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон (15:00), Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (11:00), Хадамоти алоқаи назди Тоҷикистон (10:00) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (09:00) нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 ЯНВАР
Соли 1932 – Кумитаи радиошунавонии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 1932 – ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) таъсис дода шуд.
Соли 1956 – аввалин толори синамои мустанад дар ҷумҳурӣ бо номи “Хроника” кушода шуд.
Соли 2007 – ҳангоми амалиёти махсус дар ноҳияи Исфара паноҳгоҳи зеризаминии минагузошташуда ошкор шуд.
Соли 2011 – Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки муҷозот барои ғасби ғайриқонунии замин ва тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин пурзӯр карда шавад.
Соли 2012 – Дар ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, писарбача ба дунё омад
Соли 2020 – Додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон ба ҷонибдори лағви мораторий ба ҳукми қатл дар Тоҷикистон изҳори назар кард.
Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи даъвати умумӣ ба хизмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав имзо кард, ки тибқи он дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати ҳарбии пулакӣ ҷорӣ карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Алӣ Аҳмадов, арбоби давлатии шӯравӣ ва тоҷик, Комиссари халқии корҳои хориҷии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Соли 1974 – Мавлуди Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон.
Дилрабо Мансурӣ зодаи шаҳри Хуҷанд ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст. Фаъолияташро бо омӯзгорӣ оғоз кард ва солҳо дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кор кард.
Соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Аз моҳи марти соли 2020 то 29 январи соли 2024 муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор кардд. Аз 29 январи соли 2024 муовини сарвазири Тоҷикистон аст.
Соли 1955 – Мавлуди Зебинисо Рустамова, камонвари тоҷик, устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ. Ӯ ҳамчунин, ҷоизадори чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Зебинисо Рустамова, дар замони Шӯравӣ қаҳрамонии ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монреали Конодо шуд. Дар сабқати аввал сазовори медали тилло ва дар дувумӣ биринҷӣ шуду номи Тоҷикистонро он замон берунтар аз маҳдудаи Шӯравӣ бурд. То ҳол рекорди гузоштаи ӯ аз ҷониби бонувони дигари камонкаши тоҷик дар сатҳи олам такрор нашудааст.
Зебинисо Рустамова дар вазифаҳои ҷонишин ва раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶШС Тоҷикистон ва ноиб-президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 1962 – Зодрӯзи Аваз Юлдошев, журналисти шинохта ва собиқ хабарнигори Азия-Плюс. Ӯ 9-уми феврали соли 2024 дар 62-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1886 Карл Бенс барои аввалин мошини худ патент гирифт. Ин як вагончаи сечархаи дукаса буд, ки вазнаш 250 кг буд ва чархҳои баланд дошт.
Мошин бо суръати 16 км/соат ҳаракат мекард, ки аз рӯи стандартҳои имрӯзаи хело кам аст. Аммо он вақт он тарҳи хеле пешрафта дониста мешуд. Ба он номи “Motorwagen” дода шуд.
29 январи соли 1886, пас аз он ки ихтироъ аз озмоишҳои сершумор ва баъзе тағйиротҳо гузашт, Motorwagen патенти императории Олмон №37435 гирифт. Ба хотири ин рӯйдоди таърихӣ 29 январ ҳамчун рӯзи ихтирои он таҷлил мешавад.
Имрӯз, Рӯзи сафарбаркунии аҳолӣ бар зидди хавфи ҷанги ядроӣ аст. Он дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад ва мақсади асосии он даъват ба хотима бахшидан ба мусобиқаи яроқи ядроӣ, кам кардан ва минбаъд тадриҷан барҳам додани аслиҳахонаҳои ядроии мамлакатҳои ҷаҳон ва бартараф намудани худи хавфи ҷанги ядроӣ аст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона -4+1º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, дар водиҳо бориши борон ва барф, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона -3+2º, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона -4+1º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 22-27º сард, дар баъзе минтақаҳо то 31-33º сард, рӯзона 12-17º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона -1+1º.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона -1+1º.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона -1+1º.
Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, соли равон ба чанд кишвари дигар хатсайрҳои нав боз мекунад
Поёни баҳси даҳсола. "Tajik Air" ба ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва $2 млн пардохт мекунад
Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб то Рӯшон "як сол пеш аз муҳлат" ба истифода дода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи ҳуфта ва танбеҳи маъшуқ”
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил зиёд шуда, воридоти он ҳам афзудааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста