Дар соли 2024 воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла гандуму биринҷ, картошка, мева, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт ба таври назаррас афзуд. Ин дар пасманзари афзоиши истеҳсоли бисёре аз ин маҳсулот дар дохили кишвар сурат гирифт.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ, ки рӯзи 29 январ дар нишасти матбуотӣ пешниҳод шуд, ҳаҷми воридоти гандум 1,1 млн тоннаро ташкил додааст, ки 41 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳамчунин истеҳсоли гандум дар дохили кишвар низ 2,4% афзуда, ба 880,7 ҳазор тонна расидааст.
Вазъи ба ин монанд дар истеҳсоли биринҷ (шолӣ) низ ба назар мерасад: сарфи назар аз ҳамасола 150 ҳазор тонна истеҳсол шудани он, ҳаҷми воридоти он низ 6,8 ҳазор тонна зиёд шуда, 41,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Воридоти картошка ба таври қобили мулоҳиза - 7,7 ҳазор тонна зиёд шуда, ба 56,8 ҳазор тонна расидааст. Ин дар вазъияте сурат мегирад, ки истеҳсоли картошка дар дохили ҷумҳурӣ 10,4% афзуда, ба беш аз 1,2 млн тонна расидааст. Вазорати рушди иқтисод қаблан пешгӯӣ карда буд, ки барои қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ истеҳсоли дохилӣ кофӣ хоҳад буд.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 воридоти меваҳо 19,7 ҳазор тонна зиёд шуда, ба 67 ҳазор тонна расидааст. Дар ҳамин ҳол, ҳосили меваҳо дар дохили кишвар 24% афзуда, 825 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Тамоюли ҳамсон дар бахши маҳсулоти ширӣ низ ба мушоҳида мерасад: дар ҳоли 5,3% афзудани истеҳсоли шир дар дохили ҷумҳурӣ, ҳаҷми воридоти он 2,3 ҳазор тонна зиёд шуда, ба 14 ҳазор тонна расидааст.
Ҳамчунин харидани гӯшт аз хориҷи кишвар (6 ҳазор тонна зиёд шудааст - то 15,7 ҳазор тонна) ва шакар (2 ҳазор тонна зиёд шудааст - то 153 ҳазор тонна) ба таври назаррас афзудааст.




Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мавқеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста