Имрӯз, дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон (11:00), Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (14:00), Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон (08:00), Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон (10:00), Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон (15:00), Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (10:00) ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (08:00) оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ЯНВАР
Соли 1961 – Заводи равғанбарории Қӯрғонтепа (Бохтари ҳозира) ба кор даромад.
Соли 2012 – Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футбол қарор қабул кард.
Соли 2018 – Дар Тоҷикистон нахустин маротиба ҷашни бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ таҷлил шуд.
Зимнан, имсол ҷашни Сада дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал талил мешавад.
Соли 2019 – Вазорати нақлиёт ба ҳукумат пешниҳод кард, ки ғайр аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, чанд роҳи дигари автомобилгарди кишвар низ пулакӣ карда шаванд.
Соли 2021 – Аввалин гурӯҳи ташкилшудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик иборат аз 170 нафар пас аз қатъ шудани парвозҳо бинобар пандемияи COVID-19, бо парвози чартерӣ ба Иркутск барои кор рафтанд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1913 – Мавлуди София Тӯйбоева, ҳунарпешаи театр ва синамо.
София Тӯйбоева дар Қазоқистон таваллуд шуда, аз соли 1931 дар театрҳои Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Дар театри тоҷик нақшҳои Дилбар дар намоишномаи “Ду коммунист”, Луиза дар “Макр ва муҳаббат”, Дездемона дар “Тӯҳмат”, Гурдофарид дар “Рустам ва Суҳроб”-ро иҷро кардааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D1%81%D0%BE%D1%84%D0%B8%D1%8F%20%D1%82%D1%83%D0%B9%D0%B1%D0%BE%D0%B5%D0%B2%D0%B0.jpg)
София Тӯйбоева аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик мебошад, ки дар филми “Муҳоҷир” нақши асосии занонаро иҷро кардааст. Дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” нақши Меҳриниссо, дар “Қисмати шоир” Малика (1959), дар “Тӯфон дар водӣ” Мастон-бибӣ, инчунин дар филмҳои "Ҳасани аробакаш”, Вақти зангирии писар расид нақш офаридааст.
Ӯ 26-уми октябри соли 1996 аз олам даргузашт.
Соли 1924 – Зодрӯзи Ҳанифа Мавлонова, сарояндаи опера.
Соли 1947 – Зодрӯзи Раҳима Шалоэр, овозхон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/shaloer6.jpg)
Соли 1945 – Мавлуди Усмонҷон Ғаффоров, муаррих, ходими давлатӣ.
Соли 1949 – Мавлуди Назруллоҳи Назар, тарҷумон ва дипломати тоҷик.
Соли гузашта “Азия-Плюс” ба муносибати 75-солагии Назруллоҳ Назаров перомуни хотироташ аз Ироқ, роҳбарии Саддом Ҳусайн, марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов, ҷанги имрӯза дар Ховари Миёна ва корномаи сафириаш мусоҳиба кард, ки дар ин линк метавонед хонед.
Соли 1960 – Мавлуди оҳангсоз Павел Турсунов.
Соли 1986 – Мавлуди Нигина Амонқулова, сарояндаи эстрадаи тоҷик.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D0%BD%D0%B8%D0%B3%D0%B8%D0%BD%D0%B0%20%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D2%9B%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B0.jpg)
Нигина Амонқулова яке аз ҳунарпешагони маъруфи кишвар буда, соли 2006, вақте 20 сол дошт, тавассути озмуни эҷодиёти халқ - “Андалеб” ба майдони санъати тоҷик ворид шуд. Ӯ ҳоло дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Имсол ӯ ба унвони ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон низ сазовор гардид. Махсусан, моҳе пеш баъди ҳунарнамоӣ дар "ЮНЕСКО" бахшида ба бузургдошти Мавлоно дубора вирди забонҳо гардид ва худро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Дар бораи раҳи тайкарда, шӯҳрати бадастоварда, ҳунар ва таъсири он, тарзи либопӯшии овозхонон, як саргузашти ҷолиб ва зиндагии Нигина Амонқулова дар матлаби зерини “Азия‑Плюс” мутолиа кунед.
Соли 1988 – Зодрӯзи Аҳтам Ҳамроқулов, футболбози тоҷик, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон.
Соли 1971 – Зодрӯзи Муҷибахон Ҷавҳарӣ, ходими давлатӣ, вакили парлумон.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D0%9C%D1%83%D2%B7%D0%B8%D0%B1%D0%B0%D1%85%D0%BE%D0%BD.jpg)
Соли 1980 – Боқӣ Раҳимзода Шоири халқии Тоҷикистон дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1984 – Мастибек Паллаев (Масто), овозхон ва ширинкори тоҷик дар синни 44-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Соли 1984 – Устоқадам Машрабов (Усто), овозхон ва ширинкори тоҷик дар синни 48-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Ӯ дар ҳамкорӣ бо Мастибек Паллаев (Масто) саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ иҷро мекарданд. Саҳнаҳои “Эшон Шаҳристон рафтанд”, “Муфаттиш”, “Мудири анбор”, “Тақсими кор”, “Усто ризо, Масто ризо”, “Мода шуд” аз ҷумлаи машҳуртарин саҳнаҳои "Усто ва Масто" маҳсуб меёбанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D1%83%D1%81%D1%82%D0%BE%20%D0%B2%D0%B0%20%D0%BC%D0%B0%D1%81%D1%82%D0%BE.jpg)
Соли 2018 – Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Душанбе рӯзноманигори Галим Фасхутдинов ҳалок шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
30 январи соли 1953 Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо махав (як навъ беморӣ) аст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D0%B1%D0%B5%D0%BC%D0%BE%D1%80%D0%B8%D0%B8%20%D0%BC%D0%B0%D1%85%D0%B0%D0%B2.jpg)
Махав (бемории хансен, хансеноз, хансениаз) як бемории сироятӣ буда, боиси осеби пӯст, системаи асаби периферӣ ва дигар системаҳои бадан мегардад. Шоир, нависанда ва рӯзноманигори фаронсавӣ Раул Фоллеро ҳаёти худро ба муборизаи зидди махав ва табъиз нисбат ба шахсони гирифтори он бахшид.
30 январи соли 1933 Гитлер ба вазифаи канслери Германия таъин шуд. Баъд аз як сол, пас аз марги П.Гинденбург (Президенти рейхи Олмон дар солҳои 1925-1934) Адолф низ президент ва фармондеҳи олӣ шуд ва ҳамин тариқ ваколатҳои судӣ, иҷроия ва қонунгузорро ба даст овард.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D0%B3%D0%B8%D1%82%D0%BB%D0%B5%D1%80.jpg)
30 январи соли 1924 рӯзи таъсиси киностудияи “Мосфильм” аст. Дар ҳамин рӯз аввалин филми дар студия ба навор гирифташуда – филми “Дар болҳои баланд”-и коргардон Борис Михин ба намоиш гузошта шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D0%BC%D0%BE%D1%81%D1%84%D0%B8%D0%BB%D0%BC.png)
30 январи соли 1790 аввалин киштии баҳрии наҷотбахш дар дарёи Тайн дар шимоли Англия озмуда шуд. Номи он “Оригинал” буда, дарозиаш 30 фут ва бо даҳ қаиқ муҷаҳҳаз буд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345171/%D0%BA%D0%B8%D1%88%D1%82%D0%B8%D0%B8%20%D0%B1%D0%B0%D2%B3%D1%80%D0%B8%D0%B8%20%D0%BD%D0%B0%D0%B2%D0%BE%D1%82%D0%B4%D0%B8%D2%B3%D3%A3.jpg)
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, рӯзона -4+1º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8º сард, рӯзона -2+3º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 18-23º то 26-31º сард, рӯзона 10-15º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сардӣ, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона -1+1º.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста