Назруллоҳ Назаров, нахустин сафири Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва шоиру тарҷумони шинохтаи тоҷик имрӯз, 30-юми январ, ба 75-солагӣ қадам гузошт.

Мавсуф солҳо дар Ироқ ба ҳайси тарҷумон кор кардааст, бештар аз 7 сол сафири Тоҷикистон дар Миср буд ва набзи ин минтақаро хуб эҳсос мекунад. Ӯ мегӯяд, ки мардуми Ироқ аз роҳбарии Саддом Ҳусейн розӣ буданд ва имрӯза Ироқи демократӣ бадтар аз дирӯза Ироқи диктаторӣ мебошад.

Назруллоҳ Назаров яке аз дӯстони Маҳмудҷон Воҳидов буд ва перомуи охирин дидораш бо марҳум ногуфтаҳо дорад. Ӯ инчунин ягона тарҷумони Суруди милии Тоҷикистон мебошад.

Ба муносибати мавлудаш “Азия-Плюс” бо Назруллоҳ Назаров перомуни хотироташ аз Ироқ, роҳбарии Саддом Ҳусайн, марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов, ҷанги имрӯза дар Ховари Миёна ва корномаи сафириаш мусоҳиба кард.

- Вақте ба факултаи шарқшиносӣ дохил шудед, фикр мекардед, ки рӯзе сафир мешавед?

- Не, ба ростӣ, соли 1967 вақте ба шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) қабул шудам, фикр надоштам, ки рӯзе сафир шавам. Ҳатто намедонистам, ки хатмкардагони ин даргоҳ имкони ба хориҷа рафтан доранд. Маро танҳо шавқи омӯзиши забони арабӣ ба ин даргоҳ овард.

Бо баҳои аъло таҳсил мекардам, забонро хуб ҳам омӯхта будам ва бо хости Худо, соли 1972 маро чун хатмкунандаи Донишгоҳ ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ ба Ироқ фиристоданд. Ироқ аввалин кишвари арабӣ буд, ки бар он сафар кардам ва ин кишвар барои боз ҳам бештар сайқал додани забони арабӣ барои ман нақши бориз бозид, ҷаҳонбинии маро васеъ кард, афкорамро перомуни кишварҳои арабӣ мукаммал сохт ва он ҷойро бисёр дӯст доштам.

Лаҳзаи тарҷумаи суҳбати Президенти Тоҷикистон бо Подшоҳи Арабистони Саудӣ (соли 2003)
Акс аз бойгонии Н.Назаров

Ангораҳо аз Бағдоди замоне зебо

- Ҳоло аз сафарҳоятон ба Ироқ чӣ хотирот доред?

- Таъриху тамаддуни Ироқ бо Тоҷикистон бисёр наздик ва ҳатто муштарак аст. Аз ҷумла, Бобулистон - кишвари бостонӣ ва барои мо афсонавист; Бағдод - яке аз пойтахтҳои қадимии форсҳо, қадамгоҳу турбати наберагони паёмбари Худо дар Ироқ аст. Дар Бағдод масҷиду оромгоҳи соҳиби мазҳаби мо - мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Абуҳанифа воқеъ гардидааст. Ҳатто Бағдод вожаи форсӣ аст ва маънои “Худодод”-ро дорад.

Ман бори аввал солҳои 1972 - 1973 ва бори дуввум солҳои 1978 - 1982 ба Ироқ сафар кардам. Ин ду бор ҳам дар шаҳри Фаллуҷа ба мутахассисони рус тарҷумонӣ мекардам. Ин шаҳр 60 км дуртар аз Бағдод аст ва солҳои ахир бо сабаби ба яке аз марокизи бузурги муқовимат зидди истилои хориҷиён мубаддал гаштанаш, зиёд расонаӣ шудааст.

Аз сӯи дигар, ҳамон замон Ироқ яке аз пуриқтидортарин ва бойтарин кишварҳои арабӣ ҳам маҳсуб мешуд.

Суҳбат бо шайхи Азҳари шариф дар Қоҳира (соли 2009)
Акс аз бойгонии Н.Назаров

“Тарҷумони Маҳмудҷон Воҳидов будам, вале...”

- Вақте дубора ба Ироқ рафтед, аз қазияи марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов хабар доштед: дар Бағдод ба ин ҳодиса чӣ назар доштанд ва чиҳо мегуфтанд?

- Соли 1977 Даҳаи адабиёту санъати мардуми шӯравӣ дар Ироқро бояд Тоҷикистон муаррифӣ мекард ва ман ба ҳайси корманди Ҷамъияти дӯстӣ дар омодасозии барномаи фарҳангии Даҳа ширкат варзидам.

Баъзе аз сурудҳои ҳунармандони тоҷикро ба забони арабӣ тарҷума кардам, аз ҷумла чанде аз рубоиёти Хайёмро ба устод Маҳмудҷон Воҳидов барои илқо дастрас намудам ва суруди “Хосияти дукокула”-и устод Ҷӯрабек Муродовро ба лаҳҷаи ироқии забони арабӣ тарҷума кардам, то онро дар маҳфилҳои ҳунарӣ дар Ироқ сароянд. Вале ман ҳамчун тарҷумон бо Маҳмудҷон Воҳидов ва дигар ҳайати гурӯҳ ба Бағдод рафта натавонистам ва Мирзо Тоҳиров, ки устоди донишгоҳ буду таҷрибаи бештар дошт, бо ин ҳайат ба Ироқ рафт.

- Баъд аз чанд моҳи марги Маҳмудҷон Воҳидов шумо ба Ироқ сафар кардед: он замон дар Бағдод перомуни ин қазия ҳарфе мезаданд?

- Марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов барои миллати мо талафоти маънавии сангин дошт ва ҷузъиёти ин ҳодиса барои ҳама норавшан боқӣ монд. Барои мардуми Ироқ бошад, ин қазия он қадар хабарсоз набуд.

Шояд аз ин фоҷеа танҳо кормандони ҳамон меҳмонхона, Вазорати фарҳанги Ироқ, ки бо пазироӣ ва танзими барномаҳои ҳайати Тоҷикистон сарукор доштанд, бохабар шуданду халос.

Мардуми Бағдод дар бораи ин ҳодиса иттилое надоштанд ва замоне ки ман дубора ба он ҷо сафар кардам, дар ин боб ҳеҷ кас ҳарфе ҳам намезад. Хабари ин қазия дар доираи ниҳоят маҳдуд вуҷуд дошт.

Дар суҳбат бо академик М.Осимӣ ва қозикалон Калонзода (соли 1983)
Акс аз бойгонии Н.Назаров

- Назари шахсии шумо ба марги Маҳмудҷон Воҳидов чист?

- Хабари яқин он аст, ки Маҳмудҷон Воҳидов шабона, вақте ҳама дар хоб буданд, аз балкони меҳмонхона афтиду ба ҳалокат расид. Дар ин маврид тадқиқоти жарфе анҷом дода нашуд, зеро ҳеҷ гуна далели шайъӣ барои тадқиқот вуҷуд надошт.

Назари шахсии ман ин аст, ки дар қазияи марги Маҳмудҷон Воҳидов сӯйиқасде набуд ва буда ҳам наметавонист, ин ҳунарманди асил маҳбуби ҳамагон буд ва душмане надошт, ки қасди куштани варо кунад.

Маҳмудҷон Воҳидов шояд махмур буд, шояд сараш калавид ё шояд фалокате буд, ки рух дод... Он чи рух дод, фоҷеа буд аз қазову қадари худи шодравон ва талафоти сангин ба санъату ҳунари тоҷик. Аз ин фоҷеа, чи тавре медонам, аъзои ҳайат танҳо ҳангоми бозгашт дар дохили ҳавопаймо воқиф гардиданд.

Дар кул, марги Маҳмудҷон Воҳидов замоне як миллатро ба мотам нишонд ва талафоте барои санъату ҳунари тоҷик шуд, ки фаромӯшношуданист.

Мардуми Ироқ аз Саддом Ҳусейн розӣ буданд

- Ҳине ки шумо дар Ироқ будед, Саддом Ҳусейн ба сари қудрати ин кишвар нишаст: аз Ироқи замони Саддом Ҳусейн чӣ хотира доред?

- Бале, Саддом Ҳусейн соли 1979 президенти Ироқ шуд ва ман он сол дар ин кишвар будам. Саддом Ҳусейн ба қавле роҳбари худкома буд, вале маҳз ӯ буд, ки Ироқи қавӣ сохт ва иқтисоди кишварашро ба таври бесобиқа пеш буд, ки он мавриди писандони душманони миллат набуд.

Мардуми Ироқ аз роҳбарии Саддом Ҳусейн розӣ буданд. Ироқе, ки имрӯз хориҷиён гӯё демократӣ сохтанд, бадтар аз Ироқе аст, ки Саддом Ҳусейн диктаторӣ мекард.

Ҳоло аз он Ироқе, ки муқтадир буд, пешрафта буд, шукуфон буд, як харобазор, як кишвари ноором боқӣ монд. Мардуми Ироқ аз ин сахт пушаймонанд...

Назди девори Бобулистон дар Ироқ (соли 1974)
Акс аз бойгонии Н.Назаров

- Назари шумо ҳам ба роҳбарии Саддом Ҳусейн чунин аст?

- Саддом Ҳусейн роҳбари хуб барои миллаташ буд ва тавонист мардуми кишварашро муттаҳид кунад ва иқтисодиёти давлаташро пеш барад. Аммо чанд хатое ӯ ва кишварашро дар рӯёрӯи абарқудрате қарор дод, ки он тақдири худаш ва миллаташро вожгун кард.

Справка по теме

Назруллоҳ Назаров 30 январи соли 1949 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ва факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Солҳо дар Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Шӯрои умури дини назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи ҳамдилии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Африка ва Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи ВКХ Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2007-2014 сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Араб буд. Назаров узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2001) аст ва дорандаи ҷоизаи давлатии “Шараф” - дараҷаи 2 (2007) мебошад. Тарҷумони як силсила китобҳои тоҷикӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба тоҷикӣ аст.

- Чӣ хатоие сар зад, ки Ироқи замоне яке аз зеботарин давлатҳо, ба қавли шумо, имрӯз ба харобазор табдил ёфт?

- Ғурури Саддом Ҳусейн дар авохири роҳбариаш беҳад баланд шуд ва ошкоро ба Амрико, ба Аврупо, ба Изроил таҳдидҳо мекард. Таҳдидҳои ошкоро барояш душманони пурқудрат пайдо кард ва онҳо барояш мусибату фоҷеа эҷод карданд. Саддом Ҳусейн чун роҳбари давлат бояд дурбин мебуд ва воқеияти замонаро дарк мекард, вале ӯ чунин шахс набуд.

- Ҳамчун нафаре, ки солҳо дар кишварҳои арабӣ будед ва аз набзи ин минтақа хуб огаҳед, назаратон ба қазияи Ғазза чист: таъсиси ду давлати алоҳида дар як хок - Фаластин ва Исроил дуруст аст?

- То дар ин сарзамин дар асоси қатъномаи СММ аз соли 1967 ду давлати мустақил - Фаластин ва Исроил таъсис нашавад, ин минтақа ба осоиш намерасад. Вақти он фаро расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳон барои татбиқи қатъномаи дахлдори СММ ҷиҳати таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахташ Байтулмуқаддаси шарқӣ бояд амал кунад.

Нахустин сафири кишварҳои арабӣ

- Баргардем ба оғози мусоҳиба. Шумо нахустин сафири Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ҳастед: чӣ гуна ба курсии сафирӣ нишастед ва чиро ё кадом корро муҳимтарин хидмати худ ба ҳайси сафир медонед?

- Аслан, интихоб ва таъйини сафир салоҳияти президенти кишвар аст ва Вазорати корҳои хориҷӣ низ дар интихоб нақш мебозад. Ман хатмкардаи факултаи шарқшиносӣ будам, борҳо ба кишварҳои арабӣ сафар кардаам, набзи ҷомеаи он кишварҳоро мефаҳмидам.

Инчунин, солҳои 1987 - 2002 ба ҳайси котиби масъул ва сипас муовини раиси Кумитаи ҳамдилии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Африқо ва солҳои 2002 – 2007 ба ҳайси муовини сардор ва сипас сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа кардам.

Хости Худо ва таҷрибаи доштаам буд, ки ин шараф насиби банда шуд. Соли 2007 сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Миср таъйин шудам ва то соли 2014 дар ин вазифа фаъолият кардам.

Ин нахустин сафорати кишвари мо дар мамолики арабӣ буд. Баъдан дар Арабистони Саудӣ,  Кувайт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб сафоратҳои Тоҷикистон ифтитоҳ шуданд.

Сафир намояндаи давлаташ дар назди давлати дигар аст ва вазифаи аслияш таҳкими равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду ҷониб ва ҳимояи манфиатҳои миллии ватанаш мебошад. Ман ҳам дар ин ҳафт сол барои шакл гирифтани равобити Тоҷикистону давлатҳои арабӣ ва мустаҳкам шудани он ҳама қувваамро сарф кардам. Акнун ба кори анҷомдодаи мо бигзор дигарон баҳо диҳанд...

Аз тарҷумаи Суруди миллӣ то ашъори шоирони тоҷик

- Воқеан, тарҷумаи манзуми Суруди миллии Тоҷикистон ба забони арабӣ (ягона тарҷумаи манзум ба забони хориҷӣ) ба қалами шумо тааллуқ дорад: ангезаатон чӣ буд?

- Як мисраи суруди миллӣ маро водор кард, ки онро ба забони арабӣ тарҷума кунам: “ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост”. Вожаи ҳабиб маънии “дӯст”-ро дорад ва ин мисраъ маънои баланди башардӯстона дорад. Дар сурудҳои миллии дигар давлатҳои дунё васфи таърих, ҳозир ва ояндаи дурахшони миллаташон гуфта шудааст, вале ҳеҷ кадоми онҳо маънии ҷаҳондӯстию башардӯстиро надодааст.

Бо Гулназар Келдӣ ва шоири яманӣ дар шаҳри Адани Яман
Акс аз бойгонии Н.Назар

- Дар ин баробар, шумо ашъори зиёди шоирони тоҷикро ба забони арабӣ тарҷума кардаед: чӣ шуморо ба тарҷумаи шеърҳо овардааст ва ба назаратон ин кор чӣ қадар муҳим аст?

- Ин кор бениҳоят муҳим аст. Мо шоирону нависандагони хуб зиёд дорем, ки онҳоро бояд тамоми ҷаҳон бидонад. Вақте мо адабиёти худро ба ҷаҳониён мерасонем, мо таърих, тамаддун, фарҳанг ва афкори созандаи ҷаҳонии худро ба ҷаҳониён пешкаш мекунем. Ҳамин тавр, ба василаи адабиёт ҷаҳониён миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро мешиносанд.

Ман дар тамоми умрам кӯшидам, ки адабиёти пурғановати тоҷик, ба хусус шеъри муосири тоҷикро бо зебоиҳояш тавассути тарҷума ба хонандаи араб пешкаш намоям.

- Пас аз умри полидаи худ розиед?

- Не, ҳанӯз ҳам кори тарҷумонии худро идома дода истодаам ва то умр боқист, барои муаррифии адабиёти муосири тоҷик талош хоҳам варзид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед