Тибқи радабандии ҷории Fightmatrix, 5-гонаи беҳтарин размикорони минтақаи Осиёи Марказӣ дар вазни 66 кг эълон шуд ва размикори тоҷик Муҳаммад Наимов низ ба ин рӯйхат шомил аст.

Дар феҳристи мазкур ӯ дар мақоми дуюм қарор дошта, зинаи аввалро варзишгар аз Қирғизистон касб кардааст.

Радабандии беҳтарин размикорон тариқи зайл аст:

Раҷабалӣ Шайдуллоев (13-0), Қирғизистон; Муҳаммад Наимов (11-3), Тоҷикистон; Қаршига Даутбек (17-3), Қазоқистон; Рауан Бекболат (10-3-2), Қазоқистон; Багдос Олжабай (16-4), Қазоқистон; Адилет Нурматов (13-2), Қирғизистон; Муртазали Магомедов (9-0), Қирғизистон.

Fight Matrix - портали низоми радабандии ҷаҳонӣ буда, дар он рӯйхатҳои размикорони касбӣ дар муҳорибаҳои омехта нашр мешаванд. Радабандиҳо ҳар ҳафта нав шуда, дар он дар ҳар кадоме аз гурӯҳи вазнҳо то 650 размикор дохил мешаванд.

Муҳаммад Наимов таэквондочӣ ва размикори ҳунарҳои омехта, устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ мебошад.

Рӯзи 7 августи соли 1994 дар Кӯлоб (Тоҷикистон) ба дунё омадааст.

Дар таэквондо ба ҳунарнамоӣ оғоз намуда, дар Қазоқистон (соли 2010), Тоҷикистон (2012), Булғористон (2013) ва Непал (2014) ба  унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон соҳиб шуд.

Дар мусобиқиаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Эстония (соли 2012) ва Тоҷикистон (соли 2014) ба дарёфти медал шарафёб гардидааст.

Аз соли 2018 размкиори касбӣ мебошад. Аз 3 июни соли 2023 дар вазни нимасабуки Ultimate Fighting Championship (UFC) рақобат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.