Дирӯз, 15-уми январ, дар ҳошияи сафари Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон маҳфили шеъру адаби Тоҷикистону Эрон ва бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Ҳадафи ин чорабиниҳо, ки аҳли адабу андешамандони ду кишварро ба ҳам овард, оғозе ба таҳкими равобити ду кишвар дар тамоми ҳавзаҳо, аз ҷумла фарҳангу адабиёт арзёбӣ шуд.
Ҳайати адабиву фарҳангии эрониёнро Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон роҳбарӣ мекард. Дар ин баробар, Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва як гурӯҳ адибону устодони донишгоҳи ин кишвар, чун Афшини Ало, Бону Лайло Маҳин Ҳусейнниё, Саъиди Биёбонакӣ, Ҳомид Аскарӣ, Маҳмуди Икромифар, Ғуломризо Тариқӣ ва Шаҳдухти Зореъ Гулситонӣ ҳузур доштанд.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва шоирону нависандагон, Гулрухсори Сафӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Давлат Сафар, Аскар Ҳаким ва дигарон аз Тоҷикистон дар маҳфил иштирок ва суханронӣ карданд.
“Мо як миллатем дар ду ҳокимияти ду кишвар”
Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон аз таъриху фарҳангу тамаддуни муштараки ду кишвар, ки ҳазорон сол инҷониб ба унвони пуле байни ду миллат хидмат мекунад, ёд оварда, омодагии расмиро барои тавсеаи равобити ҳамаҷониба эълом кард.
“Забон, мерос, фарҳанг, шеър, асотир ва машоири мо муштарак аст. Мо як миллатем дар ду ҳокимияти ду кишвар”, - изҳор намуд ин мақоми баландпояи Эрон.
Ӯ паёми ниҳоии ин ҳама ҳаракатҳоро оғозе барои ҷаҳиши равобити ду ҷониб хонда, сари ин масир қарор гирифтанро далели ояндаи хуби ду миллат гуфт.
“Шоирони тоҷик дар Эрон камшинохташудаанд”
Маҳфилро шоирони ду кишвар бо қироати намунаҳо аз осори хеш ва ироаи ормону паёмҳояшон ба ҳамтоёни эрониашон гарм нигоҳ доштанд.
Маҳдии Раҳимпур, узви ҳайати илмии фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Эрон, ки нахустин бор ба Тоҷикистон омад, аз ҳавои фарҳангӣ дар кишвар ва пазироии хуши ҳамзабононаш изҳори қаноатмандӣ карда, номгузории ҳар як ноҳияву кӯчаҳои шаҳри Душанберо ба исми шуарову нобиғагони гузаштаи миллат иқдоми бузурге дар эҳёи таъриху фарҳанги гузашта хонд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳавзаи фарҳангии Тоҷикистонро аз оне, ки тасаввур мекард, хеле беҳтар дарёфт. Ӯ изҳор кард, ки шоирони муосири тоҷик дар Эрон камшинохтаанд ва далели инро дар кам интиқол ёфтани китобҳои адибони тоҷик ба Эрон тавзеҳ дод. Бо вуҷуди ин, ҳамон миқдори каме, ки ба Эрон интиқол меёбад, аз ҷониби аҳли зиёву адабиёт хуш пазируфта шудааст.
“Дар донишгоҳҳои Эрон, дар гурӯҳҳои забон ва адабиёти форсӣ осори хонум Гулрухсор, ки аз шоирони забардасти Тоҷикистон аст, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтааст”, - гуфт ӯ.
Дар ин баробар, ӯ аз осори Садриддин Айнӣ низ ном бурда, таъкид кард, ки мутаассифона осори аксари шоирони тоҷикро дар фарҳангистону баъзе донишгоҳҳои забону адабиёт дарёфтан имкон дорад, вале дар бозори китоб хеле камчин аст.
Аҳли адаби ду кишвар ба интиқоли китоб ба кишварҳои ҳамдигар, ки интиқоли фарҳанг ҳам ҳаст ва ба шинохти чеҳраҳои матраҳи кишварҳо низ мусоидат мекунад, изҳори умедворӣ карданд.
Дар идома меҳмонон аз Осорхонаи китобхонаи миллӣ, ки мероси хаттии ниёгон маҳфузанд, боздид карданд. Он ҷо беҳтарин намунаҳои мероси хаттӣ, ки баъзеашон бо санъати тазҳиб (тиллокорӣ) оро дода шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
“Душанбе пойтахти забони форсӣ дар Осиёи Миёна аст”
Дар идома бо иштироки Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон ва Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон “Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ” бозкушоӣ шуд.
Ин пажӯҳишгоҳ дар Тоҷикистон аз соли 1995 фаъол буда, 6 сол пеш муваққатан фаъолияташ қатъ гардид. Ҳоло ин марказ зермаҷмааи “Бунёди Саъдӣ” (созмонест, ки ба фаъолияти забони форсӣ дар хориҷ аз кишвари Эрон мепардозад) аст.
Ҳусейн Алӣ Раҳимӣ, раҳбари ин пажӯҳишгоҳ гуфт, ин марказ ба пажӯҳиши осори шоирони тоҷику форс ва баргардони онҳо ба хати форсӣ, мунташири онҳо, муаррифии фарҳанги ду кишвар, ташкили нишасту чорабиниҳои фарҳангии муштарак сарукор дорад.
Дар ин марказ давоми солҳое, ки фаъолият мекард, ҳам дар ҳавзаи забоншиносӣ ва ҳам дар ҳавзаи адабиёт асарҳои зиёде мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, бо хати ҳамдигар – сириллик ва форсӣ баргардон ва мунташир шудаанд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо дубора боз шудани пажӯҳишгоҳ ва ҳам таҳкими равобити ду ҷониб минбаъд фаъолияти марказ барои эҷоди фазои фарҳангӣ ва вусъати тоза бахшидани муносиботи забониву адабии кишварҳо мусоидат мекунад.
Яке аз асарҳое, ки дар ин пажӯҳишгоҳ таҳқиқу баргардон шудааст, “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон будааст. Ба далели он ки “имрӯз дар тамоми дунё муҳимтарин масъалаи ҳуввиятӣ масъалаи забон дониста мешавад”, ин асар мавриди таваҷҷуҳ ва баҳои мусбии ҳамзабонон қарор гирифтааст.
Роҳбари ин пажӯҳишгоҳ аз шаҳри Душанбе ба унвони марказ ва пойтахти забони форсӣ дар Осиёи Миёна ном бурда, гуфт, “ҳар иттифоқи хубе, ки дар ин ҷо рух бидиҳад, таъсир ва натоиҷашро дар минтақаи васеътар ҳатто аз ҷуғрофиёи Тоҷикистон хоҳем дид”.
Дар маҷмуъ аҳли зиёи ду кишвар аввалин роҳи наздикии ду кишварро дар соҳаҳои гуногун дар шинохти ҳамдигар ва гуфтугӯву иртибот бо ҳам медонанд.
Бояд гуфт, бегоҳи 15-уми январ Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон аввалин маротиба ба унвони раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон ташриф овард. Интизор меравад, ки зимни ин сафар дар самтҳои гуногун беш аз 20 созишнома байни ду кишвар ба имзо расад.
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Миёни Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
“Мардҳоро таҳрик медиҳанд”. Толибон дар як вилояти Афғонистон наттоқии занон дар телевизионро манъ кардаанд
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Аз 5-уми феврал феҳристи электронии муҳоҷирони ғайриқонунӣ фаъол мешавад
Тоҷирони Эрону Тоҷикистон 13 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҲАМОС ва Исроил барои оташбас дар Ғазза мувофиқа кардаанд
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар беҳбуди дастрасӣ ба хидматрасониҳои рақамӣ кумак мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 январи соли 2025
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста