Байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи амалисозии лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишнома ба имзо расид. Созишномаро вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ Озан Севимлӣ ба имзо расониданд. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Маблағи умумии лоиҳа 39 млн долларро ташкил дода, 30 млн доллараш гранти Бонки ҷаҳонӣ ва 9 млн доллараш - гранти Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) мебошад.
Гуфта мешавад, мақсади асосии лоиҳаи мазкур вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасониҳои алоҳидаи рақамии давлатӣ ва баланд бардоштани қобилиятҳои рақамии аҳолӣ мебошад.
Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани ин маблағро ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта маъқул дониста буд. Дар назар аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа зиёда аз 28 ҳазор нафар ба малакаҳои рақамӣ соҳиб шуда, ҳадди ақалл 100 мактаб (ва муассисаҳои давлатии дар наздикии онҳо воқеъбуда) ба интернети васеъхати устувор пайваст ва пойгоҳи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ғайра ба таҷҳизоти рақамӣ гузаронида мешаванд.
Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдори калидӣ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ амалӣ мешавад. Раҳбарӣ ба лоиҳа ва баргузории ин чорабиниҳо ба уҳдаи Маркази татбиқи лоиҳаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Агентии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва КВД “Шаҳри ҳушманд” вогузор шудааст.