Президенти Қирғизистон Содир Жапаров гуфтаи вакили Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) Султонбой Ойҷигитовро оид ба созишнома дар бораи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон интиқод кард ва онро “демагогия ва иғвоангезӣ” номид.
Хабаргузории “Фергана” навиштааст, дар ҷаласаи 5-уми марти соли 2025, Султонбой Ойҷигитов, раиси пешини вилояти Ботканд ва афсари мақомоти амнияти ин кишвар як қатор нуктаҳои созишномаро мавриди интиқод қарор додааст. Ӯ ба моддаи 12 лоиҳаи созишнома таваҷҷӯҳ карда, гуфтааст, ки ин ҳуҷҷат бемӯҳлат аст ва ҳақи бекоршавӣ надорад. Ойҷигитов таъкид кардааст, ки имзои ин созишнома ба манфиати Тоҷикистон аст.
Ин вакили парлумони Қирғизистон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ кӯшиш мекард, як коридор барои дастрасӣ ба Ворух пайдо кунад ва тибқи созишномаи имзошуда ба ин мақсади худ расидааст.
Ӯ инчунин нигаронӣ намудааст, ки деҳаи Достук ба Тоҷикистон дода шудааст. Вай гуфтааст, ин деҳа барои Қирғизистон аҳамияти стратегӣ дорад ва бояд баргардонида шавад. Ойҷигитов пешниҳод кардааст, ки дар бораи истифодаи муштараки роҳи Достук – Оқ-сой – Ворух созишномаи нав ба имзо расад.
Дар идома ин вакили парлумони Қирғизистон қарори ивази минтақаҳои дигарро низ интиқод кардааст, ки аз сӯйи дигар вакилони парлумон танқид шудааст.
Аксари вакилон имзои созимнома оид ба мушаххаскунии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистонро таърихӣ хонда, таъкид кардаанд, ки то тасвиби он, аз ироаи маълумоти иғвоангез худдорӣ кунанд.

Дар пайи ин Ойҷигитов барои баён кардани “мавқеи нодуруст” дар мавзӯи ҳассос ва барангехтани мардум аз ҷиноҳи парлумонӣ ихроҷ шуд.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Жапаров бо таҳайюр гуфт, ки “масъалаи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳалли ниҳоии худро ёфтааст”.
Жапаров таъкид кард, ки Ойҷигитов, ки аз вилояти Баткен аст ва пештар раис буд, ҳамаи ҷузъиёти марзро медонад, вале бо далелҳо дасткорӣ мекунад. Аз ҷумла, ба гуфти раиси ҷумҳур, ин вакил маълумот дар болраи Ворухро дасткорӣ мекунад ва тарзе пешниҳод мекунад, ки гӯё Қирғизистон дар Ворух замини бештар додааст. Жапаров таъкид кардааст, ки даъвои ин вакил дар бораи “дарвоза”-и Ворух будани деҳаи Достук нодуруст аст, зеро ин дарвоза деҳаи Оқ-сой аст.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки ҷонибҳо ҳангоми табодули минтақаҳо манофеи роҳбурдии ҳамдигарро ба назар гирифтаанд.
“Мо танҳо он заминҳоеро иваз кардем, ки ҳамеша баҳсҳо пайдо мешуданд”, - гуфтааст Жапаров.
Аз ин лиҳоз, Жапаров даъвои Ойҷигитовро дар бораи созиши нав “бемаънӣ” номида, пурсидааст, ки “мо ҳар сол бояд бар сари замин ҷангу тиркашӣ кунем?”.
“Сарҳад ба таври ҳамеша ҳал шудааст. Тамом, нуқта гузошта шудааст, манофеи ду ҷониб ба назар гирифта шудааст. Дар бораи сарҳад зиёд метавон гуфт. Аммо ҳоло вақти ин нест. Бигзор ҳамааш анҷом ёбад, баъд мегӯем. Он замон таърих моро баҳогузорӣ мекунад. Бовар дорам, он ба мо баҳои “аъло” мегузорад”, - гуфтааст Жапаров.
Таърихи масоили марзӣ
Гуфтушунидҳо оид ба таъйин намудани хатти марзи умумӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз соли 2002 оғоз шуда буданд. То соли 2022 онҳо номунтазам ва бо танаффусҳои тӯлонӣ гузаронида мешуданд.
Бар асари номуайян будани хати марз дар минтақа бо сабабҳои тақсими обу замин ва роҳу чарогоҳҳо муноқишаҳо рух медод, ки хидматчиёни ҳарбӣ ҳам иштирок мекарданд.
Моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дар марзи байни кишварҳо низоъҳои бузургмиқёси мусаллаҳона бо иштироки хидматчиёни ҳарбӣ рух дода, дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок шудаву осеб диданд. Аз соли 2021 бо қарори ҷониби Қирғизистон сарҳад байни кишварҳо баста шуд.
Муноқишаи ахири бузургмиқёс ҷонибҳоро водор намуд, ки ба ҷараёни гуфтушунидҳо суръат бахшанд. Аз тирамоҳи соли 2022 то имрӯз оид ба масъалаи таъйину аломатгузории сарҳад байни кишварҳо даҳҳо вохӯриву гуфтушунид гузаронида шуданд.
Тибқи мувофиқаи дуҷониба ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ бонавбат дар Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронида шуданд. Тафсилоту ҷузъиёти ин вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо ифшо нашуданд.
Ниҳоят 21-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини хати марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 27-уми феврал, дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) ҷузъиёти созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод.
Кадом минтақаҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон ва кадом минтақҳои мо ба кишвари ҳамсоя гузашт, инҷо метавонед хонед.
Чаро додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукми сафедкунанда содир намекунанд?
Андоз аз воситаҳои нақлиёт зиёд шуд. Акнун соҳибони мошинҳо чанд сомонӣ андоз пардохт мекунанд?
Ромиш Шералӣ - меросбари шоири номвар Лоиқ Шералӣ даргузашт
Дар як минтақаи Русия қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон бекор шудааст
Фестивали “Сад ранги чакан” чӣ гуна ҷамъбаст шуд?
Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд
Иҷлосияи нахустини ҳайати нави парлумон рӯзи 19-уми март баргузор мегардад
Путин ба ҳалли масъалаи муҳоҷирон муҳлат дод. Русия чӣ гуна хориҷиёнро интизор аст?
Тоҷикистону Русия ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ тавофуқ ҳосил карданд
Дар Ӯзбекистон зиёда аз 310 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста